Марги модару кӯдак дар Суғд натиҷаи худсӯзист

Марги модари ҷавон бо кӯдакаш дар вилояти Суғд ҳодисаи нохуш набуда, балки натиҷаи худсӯзист. Қаблан хабар дода шуд, ки бар асари сӯхтор дар манзили сокини деҳаи Чӯянчии ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Ғончӣ Мансур Шокиров, келини 23-солаи ӯ бо духтарчаи 2-солааш ба ҳалокат расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» имрӯз аз прокуратураи ноҳияи Ғончӣ хабар доданд, аз рӯи […]

Мавлуда Рафиева


Марги модари ҷавон бо кӯдакаш дар вилояти Суғд ҳодисаи нохуш набуда, балки натиҷаи худсӯзист.

Қаблан хабар дода шуд, ки

бар асари сӯхтор

дар манзили сокини деҳаи Чӯянчии ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Ғончӣ Мансур Шокиров, келини 23-солаи ӯ бо духтарчаи 2-солааш ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» имрӯз аз прокуратураи ноҳияи Ғончӣ хабар доданд, аз рӯи натиҷаҳои ташхиси кимиёвӣ муайян карда шудааст, ки модари ҷавон аз болои худ ва духтарчаи хурдсолаш солярка пошида, сипас ба он оташ задааст.

Ба гуфтаи манбаъ, аз рӯйи ин далел нисбат ба Хуршед Шокиров, бародари 38-солаи ҳамсари марҳум прокуратураи ноҳия мутобиқи моддаи 109, қ. 2-и КҶ ҶТ (То ба худкушӣ оварда расонидан) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтиш идома дорад.

«Х.Шокиров дар як ҳавлӣ ҳамроҳ бо волидайн ва ҳамсари бародараш иқомат дошта, бародараш – ҳамсари марҳум дар муҳоҷирати Русия қарор дошт. Тибқи маълумоти пешакии тафтишот, Хуршед Шокиров мудом ҳамсари бародарашро мавриди лату кӯб ва назди аъзои оила таҳқир мекардааст, ки дар натиҷа ҷавонзан сабру тоқатро аз даст дода, даст ба худкушӣ мезанад», – зикр кард сарчашмаи хабар.

Бино ба маълумоти Раёсаати ВКДҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят аз рӯи далели то ба худкушӣ оварда расонидан ягон парвандаи ҷиноӣ боз нашуда буд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта шумораи чунин парвандаҳои ҷиноӣ 9 ададро ташкил дода буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.