Ӯҳдадории нотариусҳо оид ба муомилоти шубҳанок

Зимни суханронӣ дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Бахтиёр Худоёров изҳор намуд, ки нотариусхои Тоҷикистон уҳдадоранд, ки ба сохторҳои давлатӣ дар бораи барасмиятдарории муомилот бо амволи манқулу ғайриманқул ба маблағи беш аз 500 ҳазор сомонӣ ё эквиваленти асъории он хабар диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи тағйироти воридшуда ба […]

Аваз Юлдошев


Зимни суханронӣ дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Бахтиёр Худоёров изҳор намуд, ки нотариусхои Тоҷикистон уҳдадоранд, ки ба сохторҳои давлатӣ дар бораи барасмиятдарории муомилот бо амволи манқулу ғайриманқул ба маблағи беш аз 500 ҳазор сомонӣ ё эквиваленти асъории он хабар диҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи тағйироти воридшуда ба қонун «Дар бораи нотариати давлатӣ», нотариусҳо муваззаф мешаванд, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи муомилоти шубҳаовар маълумот пешниҳод кунанд.

Қобили зикр аст, ки дар иҷлосияи имрӯза ба масъалаи тақвияти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бештар таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки дар Тоҷикистон барои пурзӯр кардани мубориза бо пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризм комиссияи дахлдори мунтазам амалкунанда таъсис дода шавад. Вазифаи асосии комиссия ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор дар самти мубориза бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.