Ба журналист Исмоилов боз 3 ҳолати тамаъҷӯӣ пешниҳод шуд

Журналист Маҳмадюсуф Исмоилов боз ба се далели тамаъҷӯи айбдор карда мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати журналист Фазлиддин Худойбердиев хабар дод. «Зерҳимояи ман тасдиқ мекунад, ки ин айбҳо сохтаанд ва ин ҷо боз ҳолатҳои нав. Гӯё аз ҷониби се нафар дар бораи далелҳои тамаъҷӯии журналист дар солҳои пешин аризаҳо ворид шудаанд, вале ин […]

Мавлуда Рафиева


Журналист Маҳмадюсуф Исмоилов боз ба се далели тамаъҷӯи айбдор карда мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати журналист Фазлиддин Худойбердиев хабар дод.

«Зерҳимояи ман тасдиқ мекунад, ки ин айбҳо сохтаанд ва ин ҷо боз ҳолатҳои нав. Гӯё аз ҷониби се нафар дар бораи далелҳои тамаъҷӯии журналист дар солҳои пешин аризаҳо ворид шудаанд, вале ин далелҳо алҳол тасдиқ нашудаанд», – иброз дошт адвокат.

Айни замон Исмоилов дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №2-и шаҳри Хуҷанд қарор дорад ва дар давраи тафтишот дар ин ҷо нигаҳдорӣ хоҳад шуд. Ба ӯ тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 247, қ. 2 (Қалобӣ) ва 250, қ. 2 (Тамаъҷӯӣ) айбнома пешниҳод шудааст.

Маҳмадюсуф Исмоилов қаблан низ ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд. Дар таърихи 23-юми ноябри соли 2010 ӯ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда, муддати 11 моҳ дар ҳабси пешакӣ қарор дошт. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 135 (Тӯҳмат), 136 (Таҳқир), 189, қ. 2 (Барангехтани низоъи милли нажодӣ, этникӣ ё динӣ) ва 250 (Тамаъҷӯӣ)-и КҶ ҶТ айбдор карда шуда буд.

Моҳи октябри соли 2011 дар бинои тавқифгоҳи мувақкатии №2-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи судии Исмоилов доир гардида, ӯ тибқи ҳамаи моддаҳо айдор ва дар ҳаҷми 50 ҳазору 500 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд. Бо назардошти муддати 11 моҳ дар ҳабс қарор доштан, ҳаҷми ҷарима то 35 ҳазор сомонӣ кам карда шуд. Ҳамчунин ӯ аз ҳуқуқи фаъолияти журналистӣ ба муҳлати се сол маҳрум гардида, аз толори суд озод гардида буд.

Аввали ҳамин моҳ иттилоъ дода будем, ки журналист Маҳмадюсуф Исмоилов

дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ

гумонбар шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.