Кӯҳканҳои тоҷик аз аввали сол 235 ҳазор тонна ангишт истихроҷ кардаанд

Кӯҳканҳои Тоҷикистон аз аввали сол 235 ҳазор тонна ангишт истихроҷ кардаанд. Тавре дар Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба «АП» иттилоъ доданд, ин ҳаҷм нисбати нишондоди ҳамин давраи соли сипаригашта ба 56 ҳазор тонна бештар аст. Ҳаҷми ангишти фурӯхташуда дар саросари xумҳурӣ аз аввали сол то ҳоли ҳозир наздики 195 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Захираҳои […]

Азия-Плюс


Кӯҳканҳои Тоҷикистон аз аввали сол 235 ҳазор тонна ангишт истихроҷ кардаанд. Тавре дар Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба «АП» иттилоъ доданд, ин ҳаҷм нисбати нишондоди ҳамин давраи соли сипаригашта ба 56 ҳазор тонна бештар аст.

Ҳаҷми ангишти фурӯхташуда дар саросари xумҳурӣ аз аввали сол то ҳоли ҳозир наздики 195 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Захираҳои ангишт дар анборҳои корхонаҳои машғул ба истихроҷи ангишт бо дарназардошти ҳаҷми боқимондаи солҳои гузашта ва марказҳои фурӯш дар ҳоли ҳозир 86 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ зикр мекунанд, ки афзоиши ҳаҷми фурӯш ба гузаштани бисёре аз корхонаҳо, аз ҷумла ширкати бузурге чун КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ба истифодаи ангишт ҳамчун сӯзишвории алтернативӣ марбут аст.

Зимнан зикр гардид, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 154 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолияташонро пурра бо ангишт ба роҳ монданд, ки талаботи умумии солонаи онҳо зиёда аз 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Дар назар аст, талаботи дохилӣ ба ангишт дар оянда афзоиш хоҳад ёфт. Дар нақша аст, ки корхонаи бузурги сементбарорӣ дар ҷануби кишвар ва ҳамчунин Маркази барқу гармдиҳии «Душанбе-2» ва дигар корхонаҳое, ки ба ангишт корашонро ба роҳ хоҳанд монд, мавриди баҳрабардорӣ қарор бигиранд.

Илова бар он, дар робита бо пайвастани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат, манъи содироти ангишт аз ҷумҳурӣ, ки моҳи майи соли гузашта ҷорӣ карда шуда буд, бекор гардид.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон бештар аз 412 ҳазор тоннаро ташкил дода буд. Ин ҳаҷми нисбати нишондоди соли 2011 ба 175 ҳазор тонна бештар аст.

Айни ҳол дар кишвар наздики 2 ҳазор нуқтаҳои фурӯши ангишт амал мекунанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.