Сарояндаи маъруф Сурайё Қосимова бо маблағи 4 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд

Сарояндаи маъруфи тоҷик Сурайё Қосимова барои вайрон кардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дар робита бо таҷлили зодрӯзи худ дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт ҷаримабандӣ шуд. Тавре ба «АП» сардори раёсати танзими ҷашну маросимҳои Кумитаи умури дини назди ҳукумати Тоҷикистон Азизулло Мирзоев хабар дод, сароянда аз ҷониби додгоҳи шаҳри Кӯлоб ба маблағи […]

Азия-Плюс



Сарояндаи маъруфи тоҷик Сурайё Қосимова барои вайрон кардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дар робита бо таҷлили зодрӯзи худ дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт ҷаримабандӣ шуд.

Тавре ба «АП» сардори раёсати танзими ҷашну маросимҳои Кумитаи умури дини назди ҳукумати Тоҷикистон Азизулло Мирзоев хабар дод, сароянда аз ҷониби додгоҳи шаҳри Кӯлоб ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

С. Қосимова моҳи апрели соли ҷорӣ зодрӯзи худро бо ҳузури 60 нафар меҳмонон дар тарабхонаи «Привал охотника»-и шаҳри Душанбе ҷашн гирифтааст.

«Рӯзигул Ёрмаҳмадова, ки худро духтари С.Қосимова муаррифӣ намуд, ин далелро тасдиқ намуда, иброз дошт, ки бо ин тарз ба модарашон пас аз бемории тӯлонӣ як туҳфае пешкаш карданӣ будаанд»,-иброз дошт намояндаи Кумита ва ҳамчунин афзуд, ки ба ин тартиб моликони тарабхонае, ки сарояндаи тоҷик зодрӯзашро ҷашн гирифт, ҷарима баста шуд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»,  ки соли 2007 қабул шудааст, зодрӯз ихтиёран фақат  дар доираи хонавода ҷашн гирифта мешавад. Вайрон кардани қонуни мазкур ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баробар аст ва дар нисбати ашхосе, ки бар хилофи ин қонун амал мекунанд, ҷарима пешбинӣ шудааст, ки ҳаҷми онро додгоҳ муайян мекунад.

Тибқи баъзе маълумот, ҳаҷми ҷарима ба созмондиҳандагони ҷашн метавонад аз 4 то 20 ҳазор сомониро ташкил диҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.