Собиқадори РВКД Хатлон Тӯраҷонзодаро дар даъват ба ҷиҳод гунаҳкор медонад

Раиси Иттифоқи собиқадорони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон Бобоқул Назаров ходими дин ва сиёсатмадор Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро дар даъват ба ҷиҳод гунаҳкор мешуморад. Зимни суханронии рӯзи 19-уми сентябр дар ҳузури дружиначиёни халқӣ ва кормандони ғайриштатии Раёсати мазкур ӯ зикр кард, ки чанде қабл дар ҳафтавори «Самак» матлаберо мутолиа намудааст, ки дар он ба андешаи […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


Раиси Иттифоқи собиқадорони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон Бобоқул Назаров ходими дин ва сиёсатмадор Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро дар даъват ба ҷиҳод гунаҳкор мешуморад.

Зимни суханронии рӯзи 19-уми сентябр дар ҳузури дружиначиёни халқӣ ва кормандони ғайриштатии Раёсати мазкур ӯ зикр кард, ки чанде қабл дар ҳафтавори «Самак» матлаберо мутолиа намудааст, ки дар он ба андешаи ӯ, даъвати Тӯраҷонзода ба ҷиҳод дарҷ ёфтааст.

«Дар мақола чунин иқтибос аз рӯҳонӣ оварда шудааст: «Мусалмонҳо ҳама муҷоҳиданд ва барои ҳифзи озодию манфиатҳои ҳамин мардум шумо ҷиҳод кунед». Ман бар ин назарам, ки ҳукумат ва мақомоти интизомӣ ба ин даъват бояд таваҷҷуҳ зоҳир созанд. Солҳои 90-ум ба гуфтору рафтору ӯ касе ҷиддӣ таваҷҷуҳ накард ва дар натиҷа даргириҳои шаҳрвандӣ дар кишвар рух дода, садҳо ҳазор нафар ҷон бохтанд», – гуфт Назаров.

Ба гуфтаи ӯ, гуфтаҳои Тӯраҷонзодаро раҳбарияти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон бояд ба мақомоти болоӣ расонад. «Агар чун солҳои 90-ум мо ба гуфтҳои ӯ эътибор надиҳем, ӯ боз кишварро ба ҷанг мекашад. Даъват ба ҷанг худ як ҷиноят аст ва мақомоти давлатӣ бояд ба ин вокуниш нишон диҳанд», – изҳор кард собиқадор.

Ҳамчунин Назаров ба дружиначиёни халқӣ муроҷиат намуда, онҳоро ба ҳушёрӣ ва баргузории корҳои фаҳмондадаиҳӣ миёни аҳолӣ даъват намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.