Тарбиятгирандагони хонаҳои кӯдакон ба дастгирии ҷомеа ниёз доранд

Кормандони ташкилоти ҷамъиятии «Фонди рушди ҷомеа» чанде қабл аз хонаи кӯдакони шаҳри Истаравшан боздид карда, ба тарбиятгирандагони он дастовезҳои гуногун супориданд. Дар вилояти Суғд якчанд хонаи кӯдакон барои атфоли то шашсола ва мактабҳои махсусгардонидашуда вуҷуд доранд. Яке аз чунин хонаҳои кӯдакон, ки тобеи Вазорати тандурустии ҶТ аст, дар ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшан ҷойгир аст. Аксари […]

Шоиста Обидова, махсус барои «Азия-Плюс»


Кормандони ташкилоти ҷамъиятии «Фонди рушди ҷомеа» чанде қабл аз хонаи кӯдакони шаҳри Истаравшан боздид карда, ба тарбиятгирандагони он дастовезҳои гуногун супориданд.

Дар вилояти Суғд якчанд хонаи кӯдакон барои атфоли то шашсола ва мактабҳои махсусгардонидашуда вуҷуд доранд. Яке аз чунин хонаҳои кӯдакон, ки тобеи Вазорати тандурустии ҶТ аст, дар ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшан ҷойгир аст. Аксари кормандони ин хонаи кӯдаконро занон ташкил медиҳанд.

Намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Фонди рушди ҷомеа» зимни боздид аз ин хонаи кӯдакон бо масъулон ва бошандагони хурдсоли он гуфтугӯ карданд. Дар ҷараёни сӯҳбат маълум шуд, ки айни ҳол дар ин муассиса 24 нафар тарбия мегиранд. Онҳо ба гурӯҳҳои кӯдакони навзоди ширмак ва то шашсола ҷудо карда шудаанд. Дар гурӯҳи кӯдакони ширмак 12 тифл нигоҳубин мешаванд.

Зимни вохӯрӣ аз кормандони хонаи кӯдакон оид ба вазъи тарбиятгирандагони ин муассиса ва шароити кор пурсон шудем. Дар робита сармураббии хонаи кӯдакон Шарифа Шукурова гуфт:

– Кӯдакон олами беғуборанд, аммо сад афсӯс, ки тарбиятгирандагони муассисаи мо аз меҳри волидайну хешовандонашон маҳруманд. Мураббияҳои мо ҳарчанд кӯшиш мекунанд, ки муҳаббату ғамхории худро ба ин кӯдакони хурдсол пешниҳод созанд, аммо ҷойи волидайни онҳоро гирифта наметавонанд. Дар вақти ба аёдат омадани шаҳрвандонамон кӯдакон чунон хурсанд мешаванд, ки онро ба гуфтан тасвир наметавон кард.

Дар идомаи сӯҳбат яке аз масъулони муассисаи мазкур Абдуалӣ Махсудов чунин иброз дошт:

– Хонаи кӯдакон аз буҷаи маҳаллӣ маблағгузорӣ мешавад. Сокинони шаҳри Истаравшан низ кӯмаку дастгирӣ мекунанд, хусусан, саховатмандон дар рӯзҳои ид бо тӯҳфаҳои гуногун меоянд, то кӯдаконро хушҳол созанд.

Кормандони ташкилоти ҷамъиятӣ бо кӯдакон низ сӯҳбат ороста, шеърҳои азбаркардаи онҳоро бо мароқи зиёд шуниданд.

Сабрина ва Одилҷон аз таваллудхонаи шаҳри Истаравшан ба хонаи кӯдакон фиристода шудаанд. Сабрина тӯли чанд сол дар ин муассиса тарбия гирифтааст ва соли оянда таҳсилро дар мактаби махсусгардонидашуда оғоз мекунад. Ҳамзамон Одилҷони 3-сола дар посух ба суоли: “Калон шавӣ, кӣ шудан мехоҳӣ?” чунин мегӯяд:

– Ман калон шавам, падари нағз мешавам. Падару модари худамро ҳам меёбаму онҳоро сахт ба оғӯш мегирам.

Тарбиятгирандагони дигари ин даргоҳ низ аснои сӯҳбат орзуҳои худро баён доштанд ва шеърҳои ҷолиб қироат карда, соҳиби тӯҳфаҳо шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.