«Тоҷик Эйр» 2 ҳазору 730 нафар зойиринро ба ҳаҷ мефиристад

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар доираи барномаи давлатии «Ҳаҷ – 2013» 21-уми сентябр интиқоли зойиринро ба шаҳрҳои муқаддаси мусалмонон шурӯъ менамояд. Тавре аз хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷик Эйр» хабар доданд, парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба самти Арабистони Саудӣ дар ҳавопаймои бароҳати Боинг 757-200 иҷро гардида, нахустин гурӯҳи зойирин – 210 нафар аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе […]


Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар доираи барномаи давлатии «Ҳаҷ – 2013» 21-уми сентябр интиқоли зойиринро ба шаҳрҳои муқаддаси мусалмонон шурӯъ менамояд.

Тавре аз хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷик Эйр» хабар доданд, парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба самти Арабистони Саудӣ дар ҳавопаймои бароҳати Боинг 757-200 иҷро гардида, нахустин гурӯҳи зойирин – 210 нафар аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соати 6-и субҳ ба вақти маҳаллӣ ба шаҳри Мадина интиқол дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, соли ҷорӣ ҶСК «Тоҷик Эйр» тибқи муқаррарот аз 21-уми сентбр то 1-уми октябр бо иҷрои 13 парвоз қисмате аз зойиринро ба шаҳри Мадина, қисмати дигарро ба шаҳри Ҷидда таҳвил медиҳад ва аз санаи 19-уми октябр то 2-юми ноябр бо иҷрои 13 парвози дигар ҳоҷиёни тоҷикистониро ба ватан бармегардонад.

Зимнан зикр гардид, ки дар маҷмӯъ ҶСК «Тоҷик Эйр» 2 ҳазору 730 нафарро барои иҷрои адои маросими ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ интиқол медиҳад, ки ин 40%-и маҷмӯи умумии зойирини тоҷикистонӣ дар соли ҷориро ташкил медиҳад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.