Пагоҳ дар парлумон созишномаи ҳузури пойгоҳи 201-ум баррасӣ мешавад

Рӯзи 1-уми октябр дар Маҷлиси намояндлагони Маҷлиси Олии ҶТ масъалаи тасдиқи Созишнома байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи Русия дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, кумита ва комиссияҳои дахлдори МНМО ҶТ омӯзиши созишномаро ба итмом расонидаанд. Ин санад […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи 1-уми октябр дар Маҷлиси намояндлагони Маҷлиси Олии ҶТ масъалаи тасдиқи Созишнома байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи Русия дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, кумита ва комиссияҳои дахлдори МНМО ҶТ омӯзиши созишномаро ба итмом расонидаанд. Ин санад 5-уми октябри соли гузашта дар Душанбе ба имзо расида буд. Бо қарори Шӯрои МНМО ҶТ, масъалаи тасдиқи созишномаи мазкур ба баррасии ҷаласаи аввали иҷлосияи панҷуми МНМО ҶТ пешниҳод шудааст.

«Ғайр аз ин, вакилон масъалаи тасдиқи Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русияро баррасӣ мекунанд, ки 8-уми феврали соли 2013 ба имзо расида буд. Мутобиқи он, шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни қайди расмӣ муддати 15 рӯз метавонанд дар қаламрави Русия қарор дошта бошанд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, бо қарори ҳукумати Тоҷикистион аз 2-юми майи соли 2013, Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи содиротӣ тасдиқ гардида буд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 18-уми сентябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Созишнома байни Тоҷикистону Русияро дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Россия дар қаламрави Тоҷикистон, ки 5 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод кард.

Зимни сафари кории аввали моҳи август ба Русия президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Русия дар қаламрави Тоҷикистон, ки 5 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе зимни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ба имзо расида буд, моҳи октябри соли 2013 аз ҷониби парлумони Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Тоҷикистон бинобар сабаби ба амалисозии ҳарчи зудтари созишномаҳо дар бораи муҳоҷират, таҳвили маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи содиротӣ ва ҳамчун таъмини артиши Тоҷикистон бо таҷҳизоту аслиҳаи нав таваҷҷуҳ зоҳир накардани Маскав, ба тасдиқи Созишномаи пойгоҳи низомӣ шитоб надошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.