Ба кормандони милиса супориш шудааст, ки ба раванди пешазинтихоботӣ дахолат накунанд

Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, аз ҳайати шахсии худ қатъиян талаб намудааст, ки ба рафти интихобот, ки 6-уми ноябр таъйин шудааст, дахолат накунанд. Тавре сомонаи расмии вазорат хабар медиҳад, роҳбарияти вазорат ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз онҳо қатъиян талаб намуд, ки ба рафти интихобот, ҷамъоварии имзо, ташвиқу тарғиботи […]


Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, аз ҳайати шахсии худ қатъиян талаб намудааст, ки ба рафти интихобот, ки 6-уми ноябр таъйин шудааст, дахолат накунанд.

Тавре сомонаи расмии вазорат хабар медиҳад, роҳбарияти вазорат ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз онҳо қатъиян талаб намуд, ки ба рафти интихобот, ҷамъоварии имзо, ташвиқу тарғиботи номзадҳо дахолат накарда, мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ҳолатҳои зарурӣ вобаста ба баргузории чорабиниҳои мазкур мусоидат намоянд.

Манбаъ хабар медиҳад, ки кормандон бояд ҳифзи тартиботи чамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро таъмин намуда, ба онҳо кӯмаки худро дареғ надоранд. Ба ҷомеаи шаҳрвандӣ бодиққатона ва дар сатҳи баланди маданӣ муносибат намуда, боэҳтиром ва хушмуомила бошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.