Имзои Эъломияи хадамоти зиддимухаддиротии Тоҷикисону Қирғизистон ва Афғонистон

Хадамоти зиддимухаддиротии Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи таҳкими ҳамкориҳои сеҷониба Эъломияии муштарак ба имзо расониданд. Санад дар Бишкек ба имзо расида, барои танзими минбаъдаи фаъолияти зиддимухаддиротии ҷонибҳо, табодули маълумот ва баргузор кардани амалиётҳои муштарак дар ин самт пешбинӣ шудааст. «Дар мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили фаромиллии машғул бо қочоқи маводи мухаддир бо кӯшиши танҳо як […]

ASIA-Plus


Хадамоти зиддимухаддиротии Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи таҳкими ҳамкориҳои сеҷониба Эъломияии муштарак ба имзо расониданд. Санад дар Бишкек ба имзо расида, барои танзими минбаъдаи фаъолияти зиддимухаддиротии ҷонибҳо, табодули маълумот ва баргузор кардани амалиётҳои муштарак дар ин самт пешбинӣ шудааст.

«Дар мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили фаромиллии машғул бо қочоқи маводи мухаддир бо кӯшиши танҳо як кишвар ба комёбии назаррас ноил гардидан ғайриимкон аст», – изҳор намудааст дар Бишкек директори АНМН назди президенти ҶТ Рустам Назаров.

Номбурда зикр кардааст, ки шарти муҳими муборизаи пурсамар бо муомилоти маводи мухаддир бунёди низоми серсоҳаи ҳамкории байнулмилалӣ мебошад.

«Мо ба рушду таҳкими ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси тамоми кишварҳои минтақа, аз ҷумла Қирғизистону Афғонистон таваҷҷуҳи хосса дорем. Ғайр аз ин, амалисозии «Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳо дар мубориза бо маводи нашъаовар дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавор барои солҳои 2011-2014» гувоҳи ин гуфтаҳост», – афзудааст Р.Назаров.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.