Суғд: Боздошти се нафар ба гумони узвият дар ҲИӮ

Дар вилояти Суғд ба гумони узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) се тан аз сокинони вилоят боздошт шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Шуъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ду нафари онҳо, Ф.М. ва Д.З.-и 30 сола дар қаламрави ноҳияи Ашт ва гумонбари сеюм – А.Э.-и […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд ба гумони узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) се тан аз сокинони вилоят боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Шуъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ду нафари онҳо, Ф.М. ва Д.З.-и 30 сола дар қаламрави ноҳияи Ашт ва гумонбари сеюм – А.Э.-и 27-сола аз ҷониби кормандони ин шуъба зимни бозгашт аз Русия ба ватан дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, нисбати онҳо мутобиқи моддаи 187-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад. Ба хотири халал ворид насохтан ба ҷараёни минбаъдаи тафтишот аз ифшои ҷузъиёти дигари ҳодиса худдорӣ варзида шуд.

Аз соли 2001 фаъолияти Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар қаламрави Тоҷикистон манъ аст. ҲИӮ созмони исломӣ мебошад, ки соли 1996 аз ҷониби собиқ аъзоёни як қатор ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсии дар Ӯзбекистон мамнӯъбуда, тимсоли «Ҷомеаи адолат», «Ҳизби Эҳёи исломӣ», «Ҳизби исломии Туркистон», «Ҷанговарони Ислом» ва ҳоказо таъсис дода шудааст.

Ситоди он то оғоз шудани амалиётҳои зиддитеррористӣ дар Афғонистон, дар шаҳри

Қандаҳори ин кишвар воқеъ буд. Аксари аъзоёни ҲИӮ дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҷониби Мухолифини муттаҳидаи тоҷик ширкат варзидаанд. ҲИӮ аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.