Баррасии вазъи Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва раиси САҲА

Нимаи дуюми рӯзи 16-уми сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Вазири корҳои хориҷии Украина Леонид Кожараро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону САҲА ва дурнамои он баррасӣ шуд. Аз натиҷаҳои ҳамкорӣ дар се самти асосии […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи 16-уми сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Вазири корҳои хориҷии Украина Леонид Кожараро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону САҲА ва дурнамои он баррасӣ шуд. Аз натиҷаҳои ҳамкорӣ дар се самти асосии фаъолияти САҲА – сиёсию ҳарбӣ, иқтисодӣ ва экологӣ ва ҳам гуманитарию дигар самтҳо изҳори қаноат карда шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба таҳкими амну субот дар минтақа, аз ҷумла дар вобастагӣ бо вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва мушкилу монеаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир гардид.

Леонид Кожара изҳор дошт, ки бо назардошти мавқеи стратегии Тоҷикистон дар ин минтақа САҲА, аз ҷумла дар давраи раёсати Украина дар он, аз нақшаю тадбирҳои судбахши кишвари мо пуштибонӣ хоҳад кард.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба рушди муносиботи дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Украина сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.