КДАМ: Кушта шудани қочоқбари маъруфи афғон

Зимни амалиёти кормандони Раёсати КДАМ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон як қочоқбари маъруфи афғон кушта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, зимни амалиёти боздошт сокини 32-солаи вилояти Тахори Афғонистон Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳаммадназар муқовимати мусаллаҳона нишон дода, дар ҷойи ҳодиса кушта шудааст. «Ҳаммаслак ва ҳамдиёри ӯ – Амриддин […]

Аваз Юлдошев


Зимни амалиёти кормандони Раёсати КДАМ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон як қочоқбари маъруфи афғон кушта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, зимни амалиёти боздошт сокини 32-солаи вилояти Тахори Афғонистон Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳаммадназар муқовимати мусаллаҳона нишон дода, дар ҷойи ҳодиса кушта шудааст. «Ҳаммаслак ва ҳамдиёри ӯ – Амриддин валади Худоёри 30-сола захмӣ шуда, дар қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурд», – гуфтанд дар КДАМ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷойи ҳодиса ба ҷуз ҷасади қочоқбар, як адад автомати Калашников бо панҷ тирдон ва 137 тир, ду телефони ҳамроҳ ва 12,5 кило маводи мухаддири бангдона дарёфт шудааст.

Бино ба маълумоти хадамоти махсуси ҷумҳурӣ, ин қочоқбар қаблан чандин маротиба ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур ва ба қаламрави Тоҷикистон ворид гардида, мунтазам ба интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон машғул будааст.

«Моҳи январи соли ҷорӣ маҳз Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳаммадназар ва ҳаммаслакони ӯ дар қаламрави ноҳияи Фархор ба задухӯрди мусаллаҳона бо марзбонони тоҷик пардохта, дар ин задухӯрд марзбони тоҷик, сарбози 19-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Фахриддин Қозизода ба ҳалокат расида буд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки дар роҳандозии фаъолияти ҷинояткорона ин қочоқбари афғон бо шаҳрванди Тоҷикистон, сокини 35-солаи шаҳри Кӯлоб Ҳабибулло Маҳмудов, ки айни замон ба ҳабс гирифта шудааст, ҳамкорӣ доштааст.

«Хадамоти махсуси Афғонистон Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳаммадназарро ҳамчунин дар ташкили қатли афроди маъруф дар кишвар гумонбар медонанд», – афзуд манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.