Адвокат: Зерҳимояи дар шиканҷа муттаҳамшудаи ман ғайриқонунӣ дар ҳабс аст

Адвокатҳои собиқ корманди Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиев, ки ба истифодаи шиканҷа нисбати сокини ноболиғи ҳамин ноҳия айбдор карда мешавад, бар ин назаранд, ки зерҳимояи онҳо муддати 7 моҳ ғайриқонунӣ дар маҳбас қарор дорад. Адвокат Акбар Ҳасанов дар ин робита мегӯяд, санаи 14-уми марти соли ҷорӣ баъди аз ҷониби Коллегияи судӣ оид ба […]

Сайраҳмон Назриев



Адвокатҳои собиқ корманди Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиев, ки ба истифодаи шиканҷа нисбати сокини ноболиғи ҳамин ноҳия айбдор карда мешавад, бар ин назаранд, ки зерҳимояи онҳо муддати 7 моҳ ғайриқонунӣ дар маҳбас қарор дорад.

Адвокат Акбар Ҳасанов дар ин робита мегӯяд, санаи 14-уми марти соли ҷорӣ баъди аз ҷониби Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилояти Хатлон бекор шудани ҳукм нисбати Машраф Алиев аз рӯи моддахои 143 ва 316-и КҶ ҶТ ва ба тафтиши дубора фиристодани он, муфаттиш мебоист муҳлати дар ҳабс қарор доштани Алиевро тамдид мекард.

«Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ёвон 10-уми апрели соли 2013 парвандаи ҷиноии мазкурро ба истеҳсолот қабул намуда,  муҳлати тафтиши пешакиро то 10-уми июн дароз кард, вале муҳлати будубоши Алиев таҳти ҳабсро дароз накард. Ҳамин тариқ, М.Алиев муддати 7 моҳ аст, ки ғайриқонунӣ дар ҳабс қарор дорад», – гуфт адвокат.

Гайра ин, дар мурофиа судшаванда изҳор кард, ки тафтиши парванда нисбати ӯ якҷониба сурат гирифтааст. «Парвандаи ҷиноӣ нисбати ман барои нишон додани натиҷаҳои қонуни қбулшуда дар бораи шиканҷа боз шуд. Барои истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ ман ҳеҷ асосе надоштам ва ҳамаи далелҳои овардаи тафтишот ва ҷабрдида бардурӯғ мебошад. Ман худро аз рӯи ягон моддаи пешниҳодшуда айбдор намешуморам», – зикр карда буд Алиев.

Айбдоркунандаи давлатӣ дар ин парванда, ёвари прокурори ноҳияи Ёвон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор кард, ки Коллегия оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилояти Хатлон ҳукм нисбати Машраф Алиевро бекор намуда, чораи пешгирӣ нисбати ӯро бетағйир боқӣ гузошт.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.