Ҷорӣ шудани лимити 15-соатаи барқ дар Тоҷикистон

Шурӯъ аз 1-уми ноябр ширкати «Барқи тоҷик» ба реҷаи истифодаи маҳдуди барқ дар Тоҷикистон тағйирот ворид намуда, акнун дар як шабонарӯз лимит ба 15 соат расонида шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, аз ин ба баъд интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ рӯзона аз соати 09:00 то 17:00 ва […]

ASIA-Plus



Шурӯъ аз 1-уми ноябр ширкати «Барқи тоҷик» ба реҷаи истифодаи маҳдуди барқ дар Тоҷикистон тағйирот ворид намуда, акнун дар як шабонарӯз лимит ба 15 соат расонида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, аз ин ба баъд интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ рӯзона аз соати 09:00 то 17:00 ва шабона аз соати 22:00 то 05:00 қатъ карда мешавад. Реҷаи маҳдуди истифода барқ ба пойтахт, шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва Чкаловск дахл нахоҳад дошт.

«Бинобар сабаби фарорасии сардӣ ва коҳиши ҳаҷми маҷрои об дар дарёи Вахш ШСХК «Барқи тоҷик» тасмим гирифт, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқро ҷорӣ намояд. Барои назорати риояи реҷаи муқаррашуда ширкат кори телефонҳои боварии шабонарӯзиро ҷонноктар кард. Тавассути телефонҳои


235-86-74, 235-86-84, 610-60-50 ва 295-202 истеъмолгарони барқ метавонанд ба саволҳои худ посух дарёбанд», – иброз дошт Ёдгорӣ.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон даҳаи аввали моҳи октябр ҷорӣ мегардид. Соли гузашта лимити истифодаи барқ дар ҷумҳурӣ 7-уми октябр ҷорӣ шуда, панҷ моҳ – то 7-уми марти соли 2013 идома ёфт.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.