Ҳисоботи сафорат дар Русия бобати омодагӣ ба интихобот

Дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва, бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия воқеъ дар паскӯчаи Гранатный, 13 ва ҳамчунин дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Твер, Тула, Ярославл, Рязан, Калининград, Саратов, Волгоград, Қазон, Уфа, Нижний-Новгород, Краснодар, Астрахан, Екатеринбург, Тюмен, Челябинск, Красноярск, Благовещенск, Новосибирск, Самара, Пермь, Кишвари Хабаровск, Ҷумҳурии Саха (Якутия) […]

ASIA-Plus



Дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва, бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия воқеъ дар паскӯчаи Гранатный, 13 ва ҳамчунин дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Твер, Тула, Ярославл, Рязан, Калининград, Саратов, Волгоград, Қазон, Уфа, Нижний-Новгород, Краснодар, Астрахан, Екатеринбург, Тюмен, Челябинск, Красноярск, Благовещенск, Новосибирск, Самара, Пермь, Кишвари Хабаровск, Ҷумҳурии Саха (Якутия) участкаҳои интихоботи кушода хоханд шуд.

Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирок ва овоздихии шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Россия, ки бо таври доимӣ, ё муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баъди эълони санаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумхурии Точикистон аз чониби Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ин ҷониб бо мақомоти расмии кишвари иқомат мунтазам дар иртибот аст. Ахиран, ба дархости расмии Сафорат аз Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия посух расид, ки ҷониби кишвари иқомат ҷихати баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар қаламрави Федератсияи Россия тамоми шароитро муҳайё намуда, ҳамаҷониба мусоидат хохад намуд.

Аз ин рӯ, дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва, бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия воқеъ дар паскӯчаи Гранатный, 13 ва ҳамчунин дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Твер, Тула, Ярославл, Рязан, Калининград, Саратов, Волгоград, Қазон, Уфа, Нижний-Новгород, Краснодар, Астрахан, Екатеринбург, Тюмен, Челябинск, Красноярск, Благовещенск, Новосибирск, Самара, Пермь, Кишвари Хабаровск, Ҷумҳурии Саха (Якутия) участкахои интихоботӣ кушода хоханд шуд.

Дар хамаи ин участкаҳои номбаршуда маросими овоздиҳӣ аз соати 6.00 то 20.00 вақти маҳаллӣ баргузор мегардад. Дар ин фосилаи вақти муаяйншуда шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо таври доимӣ, ё муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, лозим аст ба участкаи интихоботии наздиктарин ҳозир шуда, райъ диханд. Ҳангоми омадан ба участкаи интихоботӣ бо худ доштани шиносномаи дохилӣ ва ё хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.