Камераҳои мушоҳидаи видеоии пойтахт беш аз 7 ҳазор қонуншикании роҳро сабт намуданд

Санаи 2-юми ноябри соли равон аз соати 00:00 то соати 07:00-дақиқаи субҳ аз ҷониби таҷҳизотҳои банаворгирии Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» 7187 далелҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ сабт карда шуда, нисбати қоидавайронкунандагон маводҳои лозимӣ тартиб дода шуданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ЧТ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки айни ҳол бештар қоидавайронкуниҳо […]

ASIA-Plus



Санаи 2-юми ноябри соли равон аз соати 00:00 то соати 07:00-дақиқаи субҳ аз ҷониби таҷҳизотҳои банаворгирии Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» 7187 далелҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ сабт карда шуда, нисбати қоидавайронкунандагон маводҳои лозимӣ тартиб дода шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ЧТ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки айни ҳол бештар қоидавайронкуниҳо ин ҳаракат дар чароғаки сурх, сабқати нодуруст, таваққуф дар ҷойи мамнуъшуда, ба самти муқобили роҳ баромадани ронандаҳо ба чашм мерасанд.

Лозим баёдоварист аст, ки Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» аз беҳтарин дастовардҳои техникие мебошад, ки таҷҳизоти наворбардории он пуриқтидор буда, сифати наворҳои он баланду тоза мебошанд ва тавассути он метавон шахсияти қоидавайронкунанда ё ҷинояткорро бе душворӣ муайян намуд.

Ин дастоварди техникӣ ҳамчунин ба шаффофияти фаъолияти нозирони роҳ ва масъуляитнокии онҳо таъсири ҷиддӣ расонида, ҳар як ҳолати қоидавайронкунӣ сабт гардида, ҳолатҳои баҳсбарангез бо ронандагоне, ки гуноҳи худро инкор менамоянд, бартараф мегардад.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки техникаву таҷҳизоти муосир, мутахассисони варзидаи соҳаи техникӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази зикргардида дар ошкору пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии вайронкунии қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва ҳифзи сиҳатии шаҳрвандон таъсири ҷиддӣ хоҳад расонд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.