«Эрнст энд Янг» ҳисоботи молиявии БМТР-ро месанҷад

Кори Комиссияи озмунӣ оид ба интихоби ширкати аудиторӣ барои аудити ҳисоботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2013 ба итмом расид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаҳои озмун, Ширкати аудитории «Эрнст энд Янг Форд Родс Сидет Ҳайдер» – узви Ширкати байналмилалии аудитории «Эрнст энд Янг Глобал» ғолиб дониста шуд. Ёдрас […]

ASIA-Plus


Кори Комиссияи озмунӣ оид ба интихоби ширкати аудиторӣ барои аудити ҳисоботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2013 ба итмом расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаҳои озмун, Ширкати аудитории «Эрнст энд Янг Форд Родс Сидет Ҳайдер» – узви Ширкати байналмилалии аудитории «Эрнст энд Янг Глобал» ғолиб дониста шуд.

Ёдрас мекунем, ки бо дархости Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар доираи барномаи мониторинги ҳайати шахсӣ (SMP), ширкати аудиторӣ-консалтингии «Эрнст энд Янг» соли 2008 аудити махсуси БМТ-ро баргузор намуда, он замон ХБА Тоҷикистонро ба пешниҳоди «маълумоти носаҳеҳ» дар бораи захираҳои тиллову асъори БМТ гунаҳкор дониста буд. То ин вақт ХБА муддати 5 сол ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 80 млн. қарз ҷудо карда буд.

Он замон санҷиши фаъолияти БМТ дар давраи роҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири кунунӣ истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои давлатиро собит сохта буд. Дар ҷараёни санҷиш камбудиҳои сершумор, аз ҷумла интиқоли воситаҳои давлатӣ ба ширкатҳои хусусии таҳти роҳбарии худи Алимардон ё наздикони ӯ ошкор гардида буд.

Дар рафти санҷиш ошкор шуд, ки бонк ба ширкати «Кредит-Инвест», ки ба пахтакорони хусусӣ қарз медод, маблағгузорӣ кардааст. Тӯли солҳои 2004-2008 БМТ дар ҳаҷми умумии 856 млн. $ ба «Кредит-Инвест» қарз ҷудо карда, ба моҳи августи соли 2008 қарзи ин ширкат дар назди БМТ 295 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Тибқи фарзияи расмӣ, қарзҳо барои рушди пахтакорӣ ҷудо мегардиданд, вале ширкат онҳоро бо мақсадҳои тиҷорат истифода мекардааст.

Яке аз саҳмиядорони «Кредит-Инвест» корпоратсияи «ХИМА» ва яке аз саҳмиядорони ин корпоратсия, тибқи баъе маълумот, Муродалӣ Алимардон номбар шуда буданд. Худи Муродалӣ Алимардон саҳмиядори ин корпоратсия буданро рад мекунад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.