Мувофиқати ИМА бо арзёбии интихобот аз ҷониби САҲА/ДИДҲБ

Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико изҳор медорад, ки ИМА бо арзёбии пешакии интихоботи президенти Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи нозирони Дафтари САҲА оид ба Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башар (САҲА/ДИДҲБ) мувофиқ аст. «Ҳарчанд интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон оромона баргузор шуданд, вале талаботи маҳдудият дар бақайдгирии номзадҳо ба аз байн рафтани фазои гуногунандешӣ ва интихоби ҳақиқӣ боис […]

Пайрав Чоршанбиев


Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико изҳор медорад, ки ИМА бо арзёбии пешакии интихоботи президенти Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи нозирони Дафтари САҲА оид ба Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башар

(САҲА/ДИДҲБ)

мувофиқ аст.

«Ҳарчанд интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон оромона баргузор шуданд, вале талаботи маҳдудият дар бақайдгирии номзадҳо ба аз байн рафтани фазои гуногунандешӣ ва интихоби ҳақиқӣ боис гардид», – гуфта мешавад дар сомонаи расмии

Департаменти давлатӣ

.

Зикр мегардад, ки дар интихобот ҳодисаҳои овоздиҳӣ ба ҷойи шахсони дигар, раъй додан аз номи аъзои оила ва овоздиҳии гурӯҳӣ ба мушоҳида расиданд.

Дар изҳорот таъкид мегардад, ки маҳз ҳамон камбудиҳое ба қайд гирифта шуданд, ки дар интихоботи пешин ҳам ба он роҳ дода шуда буд ва дар ин робита Департаменти давлатии ИМА аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки «таъҷилан ин камбудиҳои ҷиддӣ бартараф карда шаванд».

«Иёлоти Муттахидаи Амрико аз он хушнуд аст, ки созмонҳои байнулмилалӣ ба иштирок ба сифати нозирон дар саросари ҷумҳурӣ роҳ дода шуданд», – омадааст дар изҳорот.

Бо назардошти вазъи минбаъда, Департаменти давлатӣ аз ҳукуматдорони тоҷик даъват намудааст, ки заминаи қонунгузории интихоботро мутобиқи тавсияҳои САҲА/ДИДҲБ ислоҳ намоянд.

Ҳамчунин даъват мешавад, ки ба номзадҳо имкони бештари дастрасӣ ба ВАО дода шавад, то ки платформаҳои озод, боадолат ва рақобатпазир барои номзадҳо таъмин гардад.

«Аз замони анҷоми ҷанги шаҳрвандии фоҷеабор Тоҷикистон роҳи дуру дарозеро тай намуд, – зикр мегардад дар изҳорот. – Мо аз пешравии Тоҷикистон дар беҳбуди ҷараёни интихобот истиқбол мекунем, аммо то ҳанӯз корҳои зиёдеро мебояд анҷом дод. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, ки аз худи ҳозир рӯи ин масъала корро оғоз кунад, то ки ба таҳкими гуногунандешии сиёсӣ ва густариши фаъолияти аҳзоби мухолиф, ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат карда шавад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.