Хадамоти матбуоти президент: Маросими савгандёкунии Раҳмон хоксорона гузашт

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Душанбе маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маросими мазкур дар Қасри Миллат оғоз гардида, дар Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт ва дар майдони Дӯстии пойтахт бо савгандёдкунии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба […]

ASIA-Plus


Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Душанбе маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маросими мазкур дар Қасри Миллат оғоз гардида, дар Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт ва дар майдони Дӯстии пойтахт бо савгандёдкунии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поён расид.

Гуфта мешавад, ба хотири камхарҷ ва бе масорифи зиёд доир намудани ин маросим ба он меҳмонони воломақом аз кишварҳои хориҷӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва фаъолон аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо даъват карда нашуданд. «Зиёфати расмӣ низ ба муносиботи ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намудани роҳбари навинтихоби давлат баргузор нашуд», – омадааст дар хабари хадамоти матбуоти президент.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.