Обуҳавои Тоҷикистон сарду сербориш мешавад

Ду рӯзи наздик обуҳаво дар қаламрави Тоҷикистон сарду сербориш мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Муассисаи давлатии обуҳавошиносии ҶТ хабар доданд, имрӯз поинравии ҳарорат дар назар буда, нимаи дуюми рӯз дар чанде аз манотиқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла пойтахти кишвар борон меборад. Рӯзи чоршанбе, 20-уми ноябр суръати вазиши шамол аз самти ғарб то 15-20 метр дар […]

Валентина Кондрашова


Ду рӯзи наздик обуҳаво дар қаламрави Тоҷикистон сарду сербориш мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Муассисаи давлатии обуҳавошиносии ҶТ хабар доданд, имрӯз поинравии ҳарорат дар назар буда, нимаи дуюми рӯз дар чанде аз манотиқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла пойтахти кишвар борон меборад.

Рӯзи чоршанбе, 20-уми ноябр суръати вазиши шамол аз самти ғарб то 15-20 метр дар як сония афзуда, ҳарорат 11-13 дараҷа поин меравад. Дар водиҳои вилояти Суғд ва навоҳии тобеи марказ, аз ҷумла Варзоб ва шаҳри Душанбе боронгарӣ шуда, ба барфи тар мубаддал мегардад.

Имрӯз дар пойтахти ҷумҳурӣ ҳарорат 17-19 дараҷа гарм шуда, пагоҳ, 20-уми ноябр ҳарорат ҳамагӣ 6-8 дараҷа гарм ва шабона 0-2 дараҷа гарм мешавад.

Гуфта мешавад, ин гуна ҳарорат дер боқӣ намемонад. Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, рӯзи 21-уми ноябр боришот қатъ гардида, баъзан туман мефарояд, аммо аз болоравии назарраси ҳарорат интизорӣ намеравад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.