Филми «Муттако» ба ҷоизаи кинофестивали «Нигоҳи баробар» соҳиб шуд

Филми кӯтоҳмуддати «Муттако» ба ҷоизаи кинофестивали «Нигоҳи баробар» бахшида ба ҳаёти одамони имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд соҳиб гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Иттиҳоди миллии созмонҳои волидони кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуди ҶТ Сабоҳат Ҳакимзода хабар дод, филм аз ҷониби ТҶ «Падару модарони кӯдакони дорои мушкилот дар рушд»-и шаҳри Хуҷанд таҳия шудааст. «Ба ҷоизаи дуюми кинофестивал филми кӯтоҳмуддати […]

ASIA-Plus


Филми кӯтоҳмуддати «Муттако» ба ҷоизаи кинофестивали «Нигоҳи баробар» бахшида ба ҳаёти одамони имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд соҳиб гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Иттиҳоди миллии созмонҳои волидони кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуди ҶТ Сабоҳат Ҳакимзода хабар дод, филм аз ҷониби ТҶ «Падару модарони кӯдакони дорои мушкилот дар рушд»-и шаҳри Хуҷанд таҳия шудааст.

«Ба ҷоизаи дуюми кинофестивал филми кӯтоҳмуддати «Шукрона»-и аз ҷониби Ассотсиатсияи волидони кӯдакони дорои имконияти маҳдуд (шаҳри Душанбе) таҳияшуда ва ба ҷоизаи сеюм филми «Рядом с тобой»-и ТҶ «Имконият» сазовор дониста шуданд», – иброз дошт С.Ҳакимзода.

Ба қавли ӯ, дар ҳамаи ин филмҳо аз рӯзгори кӯдаконе ҳикоят карда мешавад, сарфи назар аз имкониятҳои маҳдуду маъюбӣ, фаъолона дар ҳаёти ҷомеа ширкат меварзанду ба комёбиҳо ноил мегарданд, ки дигар кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдудро ба ин амал мусоидат мекунанд.

Кинофестивал аз ҷониби Иттиҳоди миллии созмонҳои волидони кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуди ҶТ бо кӯмаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Барномаи шабакавии дастгирии таҳсилоти Лондон/Будапешт созмон дода шуд.

Гуфта мешавад, ҳадафи кинофестивали мазкур тавассути навору филмҳои кӯтоҳ ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҷомеа ба проблемаҳои одамони имкониятҳояшон маҳдуд ва нишон додани қудратмандии онҳо дар талоши зиндагӣ мебошад.

Дар кинофестивал ролику филмҳо дар бораи одамони имкониятҳояшон маҳдуд, ки дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистону Русия наворбардорӣ шудаанд, намоиш дода шуда, тамошобинон имконият пайдо намуданд, ки бо қаҳрамонҳои асосии филмҳо, ки дар чорабинии мазкур ҳузур доштанд, бевосита муколама кунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.