Сафари и.в. нахуствазири Тоҷикистон ба Санкт-Петербург

Иҷрокунандаи вазифаи нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар ҷаласаи навбатии Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки пагоҳ дар шаҳри Санкт-Петербург доир мегардад, ширкат хоҳад варзид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ беш аз 20 масъалаҳоро дар бар мегирад. «Аз ҷумла […]

Аваз Юлдошев


Иҷрокунандаи вазифаи нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар ҷаласаи навбатии Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки пагоҳ дар шаҳри Санкт-Петербург доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ беш аз 20 масъалаҳоро дар бар мегирад.

«Аз ҷумла дар ҷаласа лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 70-умиин солгарди Ғалаба дар ҶБВ, масъалаи тӯли солҳои 2014-2018 идома бахшидан ба ҷустуҷӯи хизматчиёни ҳарбии солҳои 1979-1989 дар ҷанги Афғонистон бедаракшуда, дарёфти макони гӯр шудани онҳо ва дубора дар ватан гӯронидани онҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд», – гуфт ӯ.

Ба қавли номбурда, аъзои Шӯрои нахуствазирон дар бораи муайян кардани мақоми ташкилотҳои заминавии ИДМ оид ба омӯзиши забони русӣ, такмили касбии кадрҳо дар бахши танзими зиддиинҳисорӣ ва сиёсати рақобатпазир, тайёр кардани кадрҳои низомӣ барои ҷузъу томҳои муҳандисии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои Иттиҳод низ қарорҳои дахлдор қабул хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.