ВКД боздошти кормандаш дар Маскав бо героинро рад мекунад

– Маълумоти интишоршуда дар чанде аз васоити ахбори умум дар бораи рӯзи 25-уми ноябр дар шаҳри Маскав бо маводи мухаддири героин боздошт шудани корманди ВКД Тоҷикистон Наҷибулло Тиллоев асоси воқеӣ надорад, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев. Ба қавли ӯ, дар сафи кормандони вазорати мазкур ному […]


– Маълумоти интишоршуда дар чанде аз васоити ахбори умум дар бораи рӯзи 25-уми ноябр дар шаҳри Маскав бо маводи мухаддири героин боздошт шудани корманди ВКД Тоҷикистон Наҷибулло Тиллоев асоси воқеӣ надорад, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев.

Ба қавли ӯ, дар сафи кормандони вазорати мазкур ному насаби чунин шахс умуман вуҷуд надорад. «Ҳуҷҷати хизматии пешниҳодшуда ба номи корманди ғайриштатии Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳақиқӣ (аслӣ) нест», – иброз дошт М.Асадуллоев.

Ёдрас мекунем, ки дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав нашъаҷалоби навбатӣ аз Тоҷикистон боздошт шуд. Ӯ изҳор намудааст, ки

корманди мақомоти қудратии Тоҷикистон

аст.

Ин шахсро кормандони милиса дар кӯчаи Лосевскии шаҳр боздошт намуда, зимни боздошт ӯ густохона рафтор кардааст ва шаҳодатномаи корманди ВКД Тоҷикистонро пешниҳод намуда, кӯшиши халосӣ ва сипас ба таҳдиди кормандони милиса пардохтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".