Тааҷҷуби Озарбойҷон аз иддаои тоҷикон нисбати чавгон

Вазорати фарҳангу сайёҳии Озарбойҷон эътирози арбобони фарҳанги тоҷик дар мавриди аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангии озариҳо эътироф шудани чавгонбозиро беасос хонд. Мудири шуъбаи равобити байнулмилалии ин вазорат Восиф Аваззода дар ин робита изҳор намудааст, ки чавгон бозии қадима асп дар Қарабоғ буда, дар феҳристи мероси маънавии ЮНЕСКО ба пешниҳоди Боку шомил шудааст ва иддаои […]

ASIA-Plus


Вазорати фарҳангу сайёҳии Озарбойҷон эътирози арбобони фарҳанги тоҷик дар мавриди аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангии озариҳо эътироф шудани чавгонбозиро беасос хонд.

Мудири шуъбаи равобити байнулмилалии ин вазорат Восиф Аваззода дар ин робита изҳор намудааст, ки чавгон бозии қадима асп дар Қарабоғ буда, дар феҳристи мероси маънавии ЮНЕСКО ба пешниҳоди Боку шомил шудааст ва иддаои донишмандони тоҷик дар ин маврид беасос аст.

«Роҳи бозгашт вуҷуд надорад ва ҳар кишваре, ки ба он пайвастанист, метавонад ба ЮНЕСКО муроҷиат кунад. Ба вазорат аз Тоҷикистон на ба таври хаттиву на шифоҳӣ ҳеҷ муроҷиате нарасидааст», – иброз доштааст ӯ.

Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои

«Озодӣ»

, вокуниши мақомоти озар дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта иддае аз донишмандони тоҷик бо ирсоли як нома ба ЮНЕСКО пешниҳод кардаанд, ки бозии «чавгон», ки дар феҳристи ин созмон ба номи Озарбойҷон сабт шудааст, мероси муштарак дониста шавад.

Дар ин нома, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ иншо шудааст, аз хонум Ирина Бокова, директори генералии ЮНЕСКО хоста шуда буд, ки дар иваз ин бозӣ мероси муштараки мардуми Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Арманистон, Туркманистон, Узбакистон ва Озарбойҷон низ дониста шавад.

«Натиҷа рӯшан аст, дар нишасти ЮНЕСКО қарор қабул шуд, ки чавгон варзише ҳаст дар Қарабоғ, ин сабт шуд. Агар Тоҷикистон мехоҳад, ки шомил шавад, ин мавзӯи гуфтугӯҳои бештар аст. Аммо ҳоло чавгон дар феҳрист ба номи ҷумҳурии Озарбойҷон сабт шудааст. Агар вазорати фарҳанг пешниҳоди расмӣ дарёфт кард, мо онҳоро бар пояи қонуну низомномаҳо огоҳ хоҳем кард», – иброз доштааст масъули вазорати Озарбойҷон.

Ҳаштумин нишасти Кумитаи мероси маънавии ЮНЕСКО бо ҳузури 600 намоянда аз 95 кишвари ҷаҳон рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар Боку ифтитоҳ ёфт ва ин кумита рӯзи сешанбе бо раъйдиҳии кишварҳои ширкаткунанда, чавгонбозиро ба номи Озарбойҷон сабт кард. Пеш аз ин кишвари Эрон ба ин дархости Озарбойҷон дар бораи сабти ном шудани чавгонбозӣ эътирози шадид карда буд ва хоҳони сабти ин варзиши бостонӣ ба унвони “мероси муштараки чанд кишвар” шуда буд. Ба дунболи эътирози расмии Эрон, ҳоло донишмандони тоҷик ҳам алайҳи ин тасмими ЮНЕСКО садо баланд карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.