АНМН: Мусодираи 20 кило маводи мухаддир дар Соли нав

Дар арафаи Соли нави мелодӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор амалиёти бобарор ба анҷом расониданд, ки дар натиҷаи он аз гардиши ғайриқонунӣ 20 кг маводи нашъаовар мусодира карда шуда, фаъолияти гурӯҳи қочоқбар қатъ гардид ва қочоқбари афғон нобуд карда шуд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ин […]

ASIA-Plus


Дар арафаи Соли нави мелодӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор амалиёти бобарор ба анҷом расониданд, ки дар натиҷаи он аз гардиши ғайриқонунӣ 20 кг маводи нашъаовар мусодира карда шуда, фаъолияти гурӯҳи қочоқбар қатъ гардид ва қочоқбари афғон нобуд карда шуд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ин амалиётро нисбати пешгирӣ намудани интиқоли маводи нашъаовар кормандони Агентӣ дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Фархори вилояти Хатлон гузарониданд.

Қочоқбарони афғон, ки бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ буданд, сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, кӯшиш намуданд, ки дар торикии шаб ҳаҷми калони маводи нашъаоварро аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол намоянд.

Дар ҷавоб ба фармони супоридани силоҳ қочоқчиён оташ кушоданд. Дар натиҷаи тирпарронӣ яке аз саркардагони гурӯҳи қочқбар кушта шуд. Қочоқбарони боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, ба каламрави давлати ҳамсоя фирор намуданд. Шахсияти қочоқбари кушташуда муайян гардид, ки он ҳамчун қочқобари номӣ, иштирокчии якчанд ҳодисаи интиқоли маводи нашъаовар ба қаламрави Тоҷикистон маълум мебошад.

Дар натиҷа дар ҷои ҳодиса як халта ошкор гардид, ки дар дохили он зиёда аз 20 адад маводи чоркунҷашакли ҷигариранг бо бӯйи махсус, инчунин маводи растанӣ мавҷуд буд.Ташхис нишон дод, ки маводи мусодирашуда 12 кг ҳашиш мебошад. Оғози амалиёти бисёрмарҳила оид ба мусодира намудани маводи нашъаовар ва нобуд кардани гурӯҳи навбатии қочоқбарро кормандони фаврии Агентӣ дар пойтахти мамлакат гузарониданд.

Ба доираи диққати кормандони Агентӣ яке аз аъзоёни фаъоли гурӯҳи қочоқбар, сокини 25-солаи шаҳри Душанбе ворид гардид, ки ӯ имконияти фурӯши маводи нашъаоварро ҷустуҷӯ менамуд. Ҳангоми боздошт аз ӯ қоғазпеч бо маводи фишурдашуда ва бӯйи махсус дошта мусодира гардид. Мутобиқи маълумотномаи лабораторияи ташхиси судии АНМН маводи мусодирашуда ҳашиш мебошад.

Мушоҳидаи фаврӣ имкон дод, ки сарвари гурӯҳи ҷинояткор, ки интиқоли маводи нашъаоварро аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва баъдан ба Федератсияи Россия ташкил менамуд, ошкор ва муайян гардад.  Дар асоси маълумоти ҷамъшуда дар вилояти Суғд марҳилаи ниҳоии амалиёт ба анҷом расид, ки дар натиҷаи он ташкилкунандаи гурӯҳи мазкури ҷиноӣ – сокини 50-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт гардид.

Дар манзили сокини боздоштшуда 8 кг маводи нашъаовари ҳашиш ошкор гардид. Аз рӯи ҳар ду ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад. Ҳар ду боздоштгардида ба тафқивгоҳи нигоҳдошти муваққатии Агентӣ ҷойгир гардиданд. Чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ ва ҷустуҷӯӣ барои муайян ва ошкор намудани шарикони ҷиноятҳо давом доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.