Шумори вакилони палатаи поёнии парлумон кам шуд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) Тоҷикистон маъракаи интихобот ба ҷойи се вакили хориҷшудаи палатаи поёнии парлумонро баргузор намекунад. Роҳбари дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тибқи моддаи 57 Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ», интихобот ба ҷойи вакили хориҷшудаи палатаи поёнӣ ва болоии парлумон […]

Аваз Юлдошев


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) Тоҷикистон маъракаи интихобот ба ҷойи се вакили хориҷшудаи палатаи поёнии парлумонро баргузор намекунад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тибқи моддаи 57 Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ», интихобот ба ҷойи вакили хориҷшудаи палатаи поёнӣ ва болоии парлумон танҳо дар муҳлати то як сол гузаронида мешавад.

«Барои  баргузории интихобот КМИР бояд ду моҳ пеш аз он қарор қабул кунад ва агар ҳатто имрӯз ҳам чунин тасмим гирифта шавад, пас интихобот рӯзи 3-юми март баргузор мегардад. Ваколатҳои аъзои палатаи поёнии парлумон 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасанд ва тибқи қонун ба баргузории интихобот иҷозат дода намешавад», – зикр кард Додоев.

Ӯ хотиррасон намуд, ки маъракаи интихобот ба ҷойи 9 вакили палатаи болоии парлумон, ки ба санаи 15-уми феврал таъин шудааст, қонунӣ аст, зеро муҳлати ваколати аъзои Маҷлиси миллӣ аз санаи баргузории интихобот беш аз 1 солро ташкил медиҳад.

«Ҳамин тариқ, то охири даъвати кунунӣ шумори вакилони палатаи поёнии парлумон ба ҷойи 63 нафар 60 нафар хоҳад буд ва ин ба кори парлумон таъсир нахоҳад дошт, зеро кворум дар он мавҷуд аст», – афзуд Додоев.

Ёдрас мекунем, ки дар робита бо фармони президенти мамлакат бобати ба вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин шудани вакили палатаи поёнии парлумон Амрибек Маҳмадалиев, ӯ ваколатҳои худ дар МНМО ҶТ-ро месупорад.

Вакили МНМО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Сомонии шаҳри Душанбе, узви фраксияи ҲХДТ Марҳабо Ҷабборова низ ахири моҳи ноябр бинобар сабаби таъин шуданаш ба мансаби муовини нахуствазир аз ҳайати МНМО ҶТ хориҷ мегардад. Махфират Хидирова низ бинобар сабаби ба вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ таъин шуданаш аз ваколатҳояш дар МНМО ҶТ маҳрум шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.