ВКД: Мусодираи ҳудуди 11 кило маводи мухаддир дар рӯзҳои аввали Соли нав

Аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Сарбанд, дар назди терминали мусофиркашонии ноҳияи Фархор шаҳрванд Мирзоев Умедҷон Мирзомуддинович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 5 кг 851 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт ва […]

ASIA-Plus


Аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Сарбанд, дар назди терминали мусофиркашонии ноҳияи Фархор шаҳрванд Мирзоев Умедҷон Мирзомуддинович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 5 кг 851 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб аз хонаи истиқоматии шаҳрванд Раҳимов Абдулвоҳид Абдулҳакимович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Кӯлоб 5 кг 15 грамм маводи нашъадори «бангдона» дарёфт ва мусодира намуданд. Муайян карда шуд, ки маводи нашъадори мазкур ба шаҳрванд Раҳимов Фарҳод Абдулҳакимович, соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо тааллуқ доштааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.