ВКХ: Дар таркиши Кобул шаҳрвандони тоҷик осеб надиданд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маълумоти чанде аз расонаҳо дар бораи дар паҳлӯи намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Кобул воқеъ будани тарабхонаи ғизойи арабиро, ки шоми рӯзи ҷумъа дар он амали террористӣ содир шуд, рад кард. Роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Абдулфайз Атоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тарабхонаи зикршуда хеле дур аз […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маълумоти чанде аз расонаҳо дар бораи дар паҳлӯи намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Кобул воқеъ будани тарабхонаи ғизойи арабиро, ки шоми рӯзи ҷумъа дар он амали террористӣ содир шуд, рад кард.

Роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Абдулфайз Атоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тарабхонаи зикршуда хеле дур аз бинои сафорати Тоҷикистон дар Кобул, тамоман дар қисмати дигари шаҳр ҷойгир аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар наздикии бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Афғонистон ҳеҷ гуна муассисаҳои фароғатӣ ҷойгир нашудаанд.

А.Атоев ҳамчунин зикр кард, ки ВКХ Тоҷикистон бо дипломатҳои тоҷик дар Кобул дар тамос шуда,онҳо хабар додаанд, ки миёни осебидагон аз таркиш дар тарабхонаи Кобул шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

Чанде қабл хадамоти форси хабаргзории Би-Би-Сӣ иттилоъ дод, ки тарабхонае, ки дар он шоми рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта таркиш рух дод, дар паҳлӯи сафоратхонаҳои Тоҷикистону Норвегия ва Канада воқеъ аст.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, бар асари таркиш дар тарабхона дастикам 14 нафар ҳалок ва нафарони зиёде ҷароҳат бардоштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.