Шӯрои ВАО: Қарори суд асоси воқеӣ надорад

Раиси Шӯрои ВАО Қироншоҳ Шарифзода, ки дар мурофиаҳои судӣ аз рӯи парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» ҳузур дошт, чӣ тавр бо ин гуна далелҳои шубҳаовар содир шудани қарор ба нафъи даъвогаронро фаҳмида наметавонад. «Ман намефаҳмам, ки чаро суд далелҳои сершумори намояндагони газетаро ба инобат нагирифта, чунин қарор содир кард, – гуфт Шарифзода. – Қарор асос воқеӣ […]



Раиси Шӯрои ВАО Қироншоҳ Шарифзода, ки дар мурофиаҳои судӣ аз рӯи парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» ҳузур дошт, чӣ тавр бо ин гуна далелҳои шубҳаовар содир шудани қарор ба нафъи даъвогаронро фаҳмида наметавонад.

«Ман намефаҳмам, ки чаро суд далелҳои сершумори намояндагони газетаро ба инобат нагирифта, чунин қарор содир кард, – гуфт Шарифзода. – Қарор асос воқеӣ надорад. Ҳанӯз аз оғози нашри матлаб мо изҳор дошта будем, ки ин «андешаи шахсӣ» аст. Дар мавод ному насаби мушаххаси афроде, ки ба суд бо даъвои паст задани шаъну эътиборашон муроҷиат кардаанд, зикр нашудааст. Он ҷо танҳо номи як нафар ишора шудааст ва агар эҳтимол мерафт, ки даъво аз номи ӯ пешниҳод шудааст, инро фаҳмидан мумкин буд».

Ғайр аз ин, Шарифзода бар ин назар аст, ки паст задани шаъну эътибор метавонад танҳо ба унвони як шахси хусусӣ равона гардад, вале на ба унвони шахси ҳуқуқӣ, кадом ташкилот ё гурӯҳе.

«Паҳлӯи забоншиносии масъала. Дар ибораи баҳсӣ нозукиҳои забон ва тобишҳои маънӣ ҷой доранд. Дар ҷумлаи баҳсӣ гуфта мешавад, ки «ман ҳам ҳаминро гуфтаниам», вале ӯ ин тавр нагуфтааст. Лаҳзаҳои забоншиносӣ бояд дар хулосаи ташхис зикр мешуданд, вале коршиносон бо шарҳу тавзеҳи умумӣ қаноат кардаанд, ки ин ҳам ба қарори суд бетаъсир намонд», – афзуд Шарифзода.

Қаблан адвокати газетаи «Азия-Плюс» Иноят Иноятов дар мавриди қарори суд нисбати газета ва муҳаррири он Олга Тутубалина изҳор намуд, ки ҷониби ҳимоя қарори судро

ғайриқонуниву беасос

шуморида, бар ин назар аст, ки он ба ҳолатҳои воқеъии қазия мувофиқ нест ва судя Ҷобирова парвандаро якҷонибаву рӯякӣ баррасӣ намуда, усули мурофиавии воқеъбинӣ ва беғаразиро риоя накардааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 25-уми феврал суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт оид ба парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» қарор содир намуда, идораи ҳафтанома ва муҳаррири он Олга Тутубалина натанҳо ба нашри раддия, балки ҳамчунин ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба се шахси воқеӣ – даъвогарон (Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х.Раҳматов) низ уҳдадор шуданд.

Матни пурраи қарори судро

аз ин ҷо

дарёфт карда метавонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.