Директори АНМН аз Қазоқистон боздид намуд

Рӯзҳои 24-25 феврали соли 2014 сафари кории Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ генерал-лейтенант Р. Назаров баргузор гардид, ки дар рафти он 24 феврал дар шаҳри Остона ӯ бо Раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Абикаев Н.А мулоқот намуд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, роҳбарони идораҳо оиди рушди ҳамкории тарафайн […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои 24-25 феврали соли 2014 сафари кории Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ генерал-лейтенант Р. Назаров баргузор гардид, ки дар рафти он 24 феврал дар шаҳри Остона ӯ бо Раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Абикаев Н.А мулоқот намуд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, роҳбарони идораҳо оиди рушди ҳамкории тарафайн мубодилаи афкор намуданд ва самтҳои афзалиятноки фаъолиятро дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муайян намуданд. Диққати махсус ба рушди вазъияти вобаста ба маводи нашъаовар дар минтақа пас аз хуруҷи Нерӯҳои байналмиллалии мусоидат ба амният аз Афғонистон дар соли 2014 равон карда шуд.

Тарафҳо якдигарро оид ба вазъи баамаломадаи вобаста ба маводи нашъаовар дар кишварҳо иттилоот доданд, нисбати рушди ҳамкории тарафайн байни Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ мубодилаи афкор намуданд. Яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории тарафайн – ин мубодилаи иттилоот нисбати саркардагон ва аъзоёни гурӯҳҳои трансмиллии ҷиноятпеша ва ташкил намудани чорабиниҳои муштарак оид ба нобуд сохтани онҳо мебошад.

Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои методологияи арзёбии маводи нашъаовари афғониро, ки тавассути “Хатсайри шимолӣ” мегузарад, муҳокима намуданд. Қайд гардид, ки ин масъала дар якҷоягӣ бо мақомоти салоҳиятдори кишварҳои дигари минтақа бояд дида баромада шавад, то ин ки методологияи мазкур такмил ёбад.

Дар чорчӯбаи сафари хизматӣ Директори Агентӣ 25 феврал дар шаҳри Алмаато дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои иштирокчии Маркази минтақавии иттилооти Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, маводҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо иштирок намуд.

Дар кори ҷаласа инчунин аъзоёни Шӯро аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин роҳбари намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноят дар Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласа аъзоёни Шӯро масъалаҳои бадал намудани роҳбарияти Маркази минтақавии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, маводҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ташкил намудани Кумитаи муваққатӣ барои амалӣ намудани маросими вобаста ба онро баррасӣ намуданд.

Ба тарафи Қирғизистон пешниҳод карда шуд, ки номзадҳои худро барои дар асоси озмун ишғол намудани вазифаи директори Марказ пешниҳод намояд.

Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода шуд, ки дар баробари давлатҳои дигар – иштирокчиёни Марказ (ба ғайр аз Ҷумҳурии Қирғизистон) номзадҳои худро барои ишғол намудани вазифаи муовини директори Марказ пешкаш намояд. Дар поёни ҷаласа Қарори мутобиқ имзо гардид. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.