Сӯхтор дар яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Қубодиён

Рӯзи 13-уми апрел дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31-и ноҳияи Қубодиён сӯхтор сар зада, бинои асосии таълимӣ ба коми оташ рафт. Раиси ҷамоати Тахти Сангини ноҳия Мирзокарим Ғаюров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сӯхтор соати 16-и рӯз ба амал омада, дастаи оташнишонии ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритӯс баъди 25 дақиқа ба ҷойи […]

Сайраҳмон Назриев



Рӯзи 13-уми апрел дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31-и ноҳияи Қубодиён сӯхтор сар зада, бинои асосии таълимӣ ба коми оташ рафт.

Раиси ҷамоати Тахти Сангини ноҳия Мирзокарим Ғаюров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сӯхтор соати 16-и рӯз ба амал омада, дастаи оташнишонии ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритӯс баъди 25 дақиқа ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.

«Оташ 16 кабинети дарсӣ ва 2 кабинети кориро нобуд сохт. Бинои таълимӣ ҳанӯз соли 1941 сохта шуда, боми бино бо қамиш пӯшонида шуда буд, ки ба зуд паҳншавии оташ мусоидат кард. Тибқи маълумоти пешакӣ сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳо дониста мешавад», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли ӯ, айни замон толибилмони мактаб барои идомаи таҳсил ба мактабҳои наздик сафарбар шудаанд ва бар асари  ин ҳодиса аз барномаи таълимӣ дур нахоҳанд монд. «Барои бартараф кардани оқибатҳои сӯхтор ва ҳисоби ҳаҷми зарар таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шуда, муовини раиси вилоят ва намояндагони Вазорати маориф аз ҷойи ҳодиса боздид намуданд ва ваъда доданд, ки бо асбобу таҷхизоти зарурӣ кумак хоҳанд кард», – изҳор кард номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки ҳукумати маҳаллӣ дар ҳамдастӣ бо кумитаи падару модарон ният доранд, ки тариқи ҳашар дар дуюним моҳ бинои таълимиро дубора барқарор кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.