Пахши мустақими паёми президент дар телевизиону радиои давлатӣ

Аз соати 10-00-и рӯзи 23-юми апрел дар шабакаҳои давлатии телевизиону радиои ҷумҳурӣ пахши мустақими паёми сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҶТ хабар доданд. Дар ҳамин ҳол, аз палатаи поёнии парулмони кишвар ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки […]

Аваз Юлдошев



Аз соати 10-00-и рӯзи 23-юми апрел дар шабакаҳои давлатии телевизиону радиои ҷумҳурӣ пахши мустақими паёми сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҶТ хабар доданд.

Дар ҳамин ҳол, аз палатаи поёнии парулмони кишвар ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки иҷлосияи муштараки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Олии ҶТ дар маҷлисгоҳи Маҷлиси Олӣ каме пештар аз вақти муқаррарӣ – соати 9-30 дақиқа ба кор шурӯъ мекунад. Соати 10 дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ироаи паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон оғоз мегардад.

Ба иттилои манбаъ, ба ҷуз вакилони палатаҳои поёнӣ ва болоии парлумон, ба маросими ироаи паёми сарвари давлат ба маҷмаааи «Кохи Ваҳдат» ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳо, аъзои ҳукумат, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии мамлакат даъват карда шудаанд.

Маъмулан тамоми кормандони муассисаҳои давлатии кишвар паёми сарвари давлатро дар маҷлисгоҳҳо тариқи телевизиону радио тамошову гӯш хоҳанд дод.

Дар паёми ҳамасола ба парлумон сарвари давлат оид ба масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, самтҳои асосии рушди иқтисод, масоили бахши иҷтимоӣ дар соли ҷорӣ ибрози андеша мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.