Қувваозмоии Устопириён дар мусобиқоти «Тоскулоҳи бузург»

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ аз силсилаи «Тоскулоҳи бузург» дар Боку ширкат хоҳад кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқаи анъанавӣ дар пойтахти Озарбойҷон рӯзҳои 9-11-уми май баргузор мешавад. Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм 11-уми май дар даври аввал бо Шералӣ Ҷӯраев аз Узбакистон […]

ASIA-Plus



Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ аз силсилаи «Тоскулоҳи бузург» дар Боку ширкат хоҳад кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқаи анъанавӣ дар пойтахти Озарбойҷон рӯзҳои 9-11-уми май баргузор мешавад. Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм 11-уми май дар даври аввал бо Шералӣ Ҷӯраев аз Узбакистон рақобат мекунад.Ғолиби ин қувваозмоӣ дар даври дувум бо Шоҳин Қаҳрамонов аз Озарбойҷон вориди рақобат мешавад. Дар ин вазн 26 нафар мубориза мебаранд.

Бояд гуфт, ки «Тоскулоҳи бузург» оид ба дзюдо мусобиқаи пурнуфуз дар ин риштаи варзиш маҳсуб мешавад. Ин дувумин мусобиқаи ин силсила дар мавсими имсола ба шумор меравад.

Мусобиқаи аввал моҳи феврал дар Пориси Фаронса баргузор шуда буд. Вале Комроншоҳ дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ноком гашт. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм дар даври аввал бар Ҳенрико Жоао аз Ангола ғолиб омад. Вале ӯ дар даври дувум аз Кю-Вон Ли (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқот маҳрум шуд.

Бояд тазаккур дод, дар давоми сол ҳамагӣ чаҳор мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” баргузор мешавад. Мусобиқаи севум моҳи июл дар Тюмени Русия ва мусобиқаи чаҳорум моҳи декабр дар Токиои Ҷопон барпо мегарданд.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии «Тоскулоҳи бузург» дар Боку Тоҷикистонро танҳо Комроншоҳи Устопириён намояндагӣ хоҳад кард. Вай ба ин мусобиқа дар шаҳри Маскав бо раҳбарии Владимир Елчанинов, мураббии варзидаи дзюдо, омодагӣ дидааст. Комроншоҳ ҳамроҳи устодаш ба Боку омадааст.

Дар мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург» дар Боку ширкати беш аз 350 варзишгар аз 40 кишвар, ба монанди Фаронса, Тоҷикистон, Тунис, Молдова, Ирландия, Ҷумҳурии Чех, Имороти Муттаҳидаи Араб, Шветсия, Гурҷистон, Финляндия, Канада ва ғайра дар назар аст.

Мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн баргузор мешавад. Маблағи ҷавоизи мусобиқа 150 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, аз он ҷумла ба ғолибони мусобиқа дар ҳар як вазн 5 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.