Адвокат: Нисбати Зайд Саидов парвандаи ҷиноии нав оғоз шуд

Нисбат ба соҳибкори маъруф Зайд Саидов, ки аз ҷониби Суди олӣ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, парвандаи ҷиноии нав оғоз гардид. Ба гуфтаи адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати зерҳимояи ӯ мутобиқи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси […]

ASIA-Plus



Нисбат ба соҳибкори маъруф Зайд Саидов, ки аз ҷониби Суди олӣ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, парвандаи ҷиноии нав оғоз гардид.

Ба гуфтаи адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати зерҳимояи ӯ мутобиқи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ боз як парвандаи ҷиноии нав оғоз кардааст.

«Маълум шуд, ки парвандаи ҷиноии нав ҳанӯз 16-уми январи соли ҷорӣ оғоз гардида, вале ба мо, ҷониби ҳимоя дар ин бора рӯзи 28-уми май хабар доданд. Мутобиқи парвандаи нав, Зайд Саидов ҳамчун «роҳбари ғайрирасмӣ»-и ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон Байналмилал» муаррифӣ шуда, ба азхудкунии воситаҳои буҷети барои сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» пешбинишуда айбдор карда мешавад», – гуфт дар суҳбат ба «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов.

Қудратов бар ин назар аст, ки парвандаи ҷиноии мазкур ғайриқонунӣ боз шудааст, зеро Зайд Саидов ба ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон Байналмилал» ҳеҷ муносибате надорад ва мутаносибан барои фармон додан ё имзо гузоштан дар ҳуҷҷатҳои корхонаи мазкур ваколат надорад.

Дар Агентии зиддифасод алҳол далели оғози парвандаи ҷиноии нав нисбати Зайд Саидов аз рӯи моддаҳои дар боло зикршударо тасдиқ накарданд.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли ҳуқуқшинос Бузургмеҳр Ёров, дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон умуман мафҳуме ба монанди «роҳбари ғайрирасмӣ» вуҷуд надорад. «Дар Кодекси ҷиноӣ фасли алоҳидаи «Ҷиноят бар зидди ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ» мавҷуд аст, ки дар он як қатор моддаҳо ҷиноёти мансабиро дар бар мегиранд, аммо дар ҳеҷ ҷои КҶ истилоҳи «роҳбари ғайрирасмӣ» дарҷ наёфтааст», – зикр кард ҳуқуқшинос.

Ёров ҳамчунин таъкид дошт, ки агар дар корхона ягон ҷинояти иқтисодӣ содир карда шавад, мувофиқи қонун танҳо шахсони расмӣ ё роҳбарони корхона ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. «Ба ҳеҷ гунае хешону наздикони намояндагони расмии корхона, ки аз лиҳози ҳуқуқӣ ба корхонаи мазкур муносибат надоранд, ба ҷавобгарӣ ҷалб шуда наметавонанд. Илова бар ин, муассиси корхона низ барои қонуншикании аз ҷониби роҳбарони корхона содиршуда масъул нест»,- қайд кард Ёров.

Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи расмии ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон Байналмилал» зикр мегардад, ки ҷамъият соли 20007 таъсис дода шуда, муассиси он Саидов Хайрулло Зайдович мебошад. Номи Зайд Саидов дар ҳеҷ ҷое зикр нагардидааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 25-уми декабри соли 2013 соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба муҳлати 26 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Зайд Саидов аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 139 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шуд. Аз рӯи дигар моддаҳои пешниҳодшуда суд ҷиҳати тафтишоти дубора таъинот содир намуд, зеро тибқи ин моддаҳо айби Саидов собит карда нашуд.

Мурофиаи судӣ нисбат ба Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои баста дар бинои тавқифгоҳи тафтишотии (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дошт.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз ваколатҳои мансабӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбнома пешниҳод кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.