КҲФ: Дар Тоҷикистон хатари селфароӣ боқӣ мемонад

Бар асари боришоти шадид дар ҷумҳурӣ тамоми ситодҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и Тоҷикистон дар ҳолати омодабоши комил қарор дошта, бо реҷаи пурзӯр фаъолият доранд. Бино ба иттилои КҲФ ва МГ Тоҷикистон, имрӯз аз ҳама бештар дар минтақаи шаҳри Норак боришоти шадид сурат гирифта, дар вилояти Хатлон хатари фаромадани селҳо вуҷуд […]



Бар асари боришоти шадид дар ҷумҳурӣ тамоми ситодҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и Тоҷикистон дар ҳолати омодабоши комил қарор дошта, бо реҷаи пурзӯр фаъолият доранд.

Бино ба иттилои КҲФ ва МГ Тоҷикистон, имрӯз аз ҳама бештар дар минтақаи шаҳри Норак боришоти шадид сурат гирифта, дар вилояти Хатлон хатари фаромадани селҳо вуҷуд дорад.

«Тамоми ситодҳои КҲФ дар ҳолати омодабоши доимӣ қарор дошта, ба дастгоҳи марказии кумита то ин дам дар бораи харобиҳову талафоти ҷонӣ бар асари офати табиӣ маълумот ворид нагардидааст», – гуфтанд дар Кумита.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи боришоди шадид дар шаҳри Душанбе роҳҳо беҳад пуроб гардида, ба ҳаракати нақлиёт монеъа эҷод гардид.

Бино ба маълумоти Муассисаи обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, обуҳавои ноустувор дар Тоҷикистон то рӯзҳои 1-2-юми июн боқӣ мемонад. Боронҳои кӯтоҳмуддат (баъзан шадид) меборанд. Дар ноҳияҳои кӯҳистон ва доманакӯҳ хатари селфароӣ ва дар дарёҳо болоравии сатҳи об дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.