Эълони мавриди ҷустуҷӯ қарор додани Низомхон Ҷӯраев

Суди олии Тоҷикистон таъинот содир намуд, ки мутобиқи он, Низомхон Ҷӯраев мавриди ҷустуҷӯ эълон шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Суди олии ҶТ хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, ин таъинот аллакай ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ фиристода шудааст. Зикр гардид, ки Низомхон Ҷӯраев бо баёноти тарк накардани маҳалли […]

Меҳрангез Турсунзода



Суди олии Тоҷикистон таъинот содир намуд, ки мутобиқи он, Низомхон Ҷӯраев мавриди ҷустуҷӯ эълон шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Суди олии ҶТ хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин таъинот аллакай ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ фиристода шудааст.

Зикр гардид, ки Низомхон Ҷӯраев бо баёноти тарк накардани маҳалли зист таҳти назорати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ қарор дошт. Аммо як манбаъ аз Агентии мазкур дар ин робита гуфт, аз 2-юми июн, замони ба баррасии Суди олӣ супурдани парванда, назорати мазкурро бояд Суди олии ҷумҳурӣ амалӣ мекард.

«Мо тафтиши парвандаро ҳанӯз 29-уми май ба итмом расонидем. Прокуратураи генералӣ хулосаи айбномаи моро маъқул шуморида, онро ба баррасии суд пешниҳод кард. Аз 2-юми июн парвандаи иборат аз 130 ҷилди Низомхон Ҷӯраев дар ихтиёри Суди олӣ қарор дорад», – афзуд сарчашмаи хабар.

Қаблан, Бахтиёр Насруллоев,  адвокати Низомхон Ҷӯраев дар ин робита иттилоъ дода буд, ки тайи панҷ рӯзи ахир ӯ бо зерҳимояаш

дар тамос шуда наметавонад

. Бори ахир онҳо рӯзи 3-юми июн дар Душанбе вохӯрдаанд. Рӯзи 20-уми июн бояд мурофиаи навбатӣ оид ба парвандаи Ҷӯраев доир мегардидааст, вале ӯ ба он ҳозир нашудааст.

Қобили зикр аст, ки Низомхон Ҷӯраев дар парвандаи ба истилоҳ «парвандаи исфарагиҳо» айбдоркунандаи асосӣ ба шумор мерафт. Ӯ ва боз 33 нафари дигар дар содир намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ айбдор карда мешуданд.

Ёдрас мекунем, ки собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва собиқ директори генералии корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Низомхон Ҷӯраев Низомхон Ҷӯраев соли 2007 баъди нисбаташ оғоз гардидани якчанд парванда оид ба ҷиноятҳои иқтисодӣ пинҳон шуд. Моҳи августи соли 2010 ӯ дар шаҳри Маскав бо дархости Тоҷикистон дар бораи истирдод боздошт гардид, аммо ҳимоягарони ӯ ба Суди Аврупо муроҷиат карда, ин суд минбаъд ба Русия истирдоди Ҷӯраев ба Тоҷикистонро манъ намуд.

Моҳи марти соли 2012 ӯ аз тавқифгоҳи муваққатии вилояти Маскав озод шуда, аввали моҳи апрел дар Тоҷикистон пайдо шуд. То пайдо шудан дар Душанбе ӯ аз рӯи якчанд модда, аз ҷумла дуздии воситаҳои давлатӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ва ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша айбдор карда мешуд. Баъдтар роҳбари Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки ба Ҷӯраев дар содир намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ айбнома пешниҳод шудааст.

Санаи 7-уми апрели соли 2012 дар шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» суханронии Ҷӯраев ба намоиш гузошта шуд. Дар суханронии худ Ҷӯраев гуфт, ба хотири модари 79-солааш ихтиёрӣ ба ватан баргаштааст. Ӯ иброз дошт, ки дар ватан будан беҳтар аст. Бо шарти тарк накардани маҳалли сукунат, Агентии зиддифасод то анҷоми мурофиаи судӣ оид ба ин парванда ӯро озод кард.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...