Муроҷиати адвокати Зайд Саидов ба ҷомеаи ҷаҳонӣ

Адвокати Зайд Саидов, соҳибкори дар Тоҷикистон ба 26 соли зиндон маҳкумшуда ба «парлумон ва ҳукуматҳои кишварҳо, сафоратхонаҳои кишварҳои муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ» муроҷиат кард. Дар муроҷиатнома Ш.Қудратов зикр мекунад, ки зимни баррасиишгикояти кассатсионӣ рӯзи 23-юми май ҳукми содиршуда нисбати зерҳимояи ӯ бетағйир гузошта шуда, ҳамин тариқ, тамоми тартиботи дохилидавлатии муроҷиатҳо паси сар […]

ASIA-Plus



Адвокати Зайд Саидов, соҳибкори дар Тоҷикистон ба 26 соли зиндон маҳкумшуда ба «парлумон ва ҳукуматҳои кишварҳо, сафоратхонаҳои кишварҳои муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ» муроҷиат кард.

Дар муроҷиатнома Ш.Қудратов зикр мекунад, ки зимни баррасиишгикояти кассатсионӣ рӯзи 23-юми май ҳукми содиршуда нисбати зерҳимояи ӯ бетағйир гузошта шуда, ҳамин тариқ, тамоми тартиботи дохилидавлатии муроҷиатҳо паси сар шуд.

Адвокат парвандаи мазкурро сирф сиёсӣ хонда, мутмаин аст, ки он мустақиман ба вокуниши ҳукукматдорон ба ташаббуси З.Саидов ва ҳаммаслакони ӯ оид ба таъсиси ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав» марбут аст.

Дар муроҷиатнома Қудратов қайд мекунад, ки зимни тафтиши парвандаи ҷиноии зерҳимояи ӯ меъёрҳои Конститутсияву қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии байнулмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда риоя нашуда, ҷониби ҳимояи соҳибкор ба монеъаҳои зиёде дучор шуданд.

«Иншоот, дороиҳо ва амволи соҳибкор, ки дар ҷодаи соҳибкорӣ бо кордониву маҳорати худи соҳибкор ва қисмате тариқи сармоягузории хориҷӣ ба даст оварда шудааст ва наздикони ӯ ҳабсу мусодира гардида, ӯ аз воситаҳои зиндагӣ маҳрум мешавад», – мегӯяд дар муроҷиатнома адвокат.

Қудратов ҳамчунин зикр мекунад, ки адвокатҳои соҳибкор мавриди фишору таҳдид қарор гирифта, Ф,Зокиров бо баҳонаи саркашӣ аз пардохти қарз ба бонк ҳабс ва худи ӯ барои гӯё паст задани шаъну эътибори шахс ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

«Тоҷикистон як қисмати ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, оид ба риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд уҳдадориҳои байнулмилалӣ бар дӯш гирифтааст. Аз ин рӯ, аз ҳамаи Шумо дархост мекунам, ки дар доираи воситаҳои байнулмилалии ҳуқуқӣ ва тарзҳои ҳимоя, ки бояд тибқи ин уҳдадориҳо таъмин гардад, ба тақдири Зайд Саидов, маъюби дараҷаи 2-юм, ки вазъи солимиаш дар маҳбас торафт бад мешавад, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба барқарор шудани ҳуқуқҳои ӯ мусоидат намоед», – гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.