Осеби 4 шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи метрои Маскав

Аз садама дар метрои шаҳри Маскав 4 нафар шаҳрванди Тоҷикистон осеб диданд. Вазъи солимии ду нафари онҳо – Мӯминшо Муносибшоев ва Наимҷон Мавлонов хеле вазнин арзёбӣ шуда, онҳо дар шуъбаҳои эҳёгарии бемористонҳои №64 ва №7-и шаҳри Маскав қарор доранд. Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, ҳамчунин сокини 37-солаи шаҳри Душанбе Зафарбек Сайфуллоев аз китфи […]

ASIA-Plus



Аз садама дар метрои шаҳри Маскав 4 нафар шаҳрванди Тоҷикистон осеб диданд. Вазъи солимии ду нафари онҳо – Мӯминшо Муносибшоев ва Наимҷон Мавлонов хеле вазнин арзёбӣ шуда, онҳо дар шуъбаҳои эҳёгарии бемористонҳои №64 ва №7-и шаҳри Маскав қарор доранд.

Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, ҳамчунин сокини 37-солаи шаҳри Душанбе Зафарбек Сайфуллоев аз китфи чапаш ҷароҳат бардошта, ба бемористони №31 мунтақил шудааст. Вазъи солимии ӯро табибон қаноатбахш арзёбӣ кардаанд. Вазъи солимии боз як тоҷикистонӣ – Далер Қурбонов, ки дар бемористони №36-и шаҳр бистарӣ аст, низ қаноатбахш мебошад.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 15-уми июл дар метрои шаҳри Маскав садама рух дода, тибқи маълумоти ахир, бар асари он 21 тан ҳалок ва 160 нафар осеб дидананд, ки вазъи солимии 42 нафарашон вазнин арзёбӣ мешавад. Имрӯз дар Маскав ба мносибати ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи мотам эълон мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.