Ширкати чинӣ дар ВМКБ корхонаи бузурги истеҳсоли семент месозад

Директори генералии ширкати Шан Жо-и Хитой Бян Сон Лиин зим­ни мулоқот бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед аз сармоягузории ин ширкат дар иқтисоди вилоят сӯҳбат намуда, гуфт, ки ҳадаф дорад дар ин минтакаи кӯҳистонӣ бо ихтисос додани 600 миллион доллари амрикоӣ корхонаи тавлиди семент бунёд кунад. Бино ба иттилои газетаи вилоятии иттилоотиву таҳлилии […]

ASIA-Plus



Директори генералии ширкати Шан Жо-и Хитой Бян Сон Лиин зим­ни мулоқот бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед аз сармоягузории ин ширкат дар иқтисоди вилоят сӯҳбат намуда, гуфт, ки ҳадаф дорад дар ин минтакаи кӯҳистонӣ бо ихтисос додани 600 миллион доллари амрикоӣ корхонаи тавлиди семент бунёд кунад.

Бино ба иттилои газетаи вилоятии иттилоотиву таҳлилии

«Импульс»

, ӯ гуфтааст, тадқиқотҳои илмӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки барои истеҳсоли ин маҳсулот дар вилоят захираи кофии ашёи хом мавҷуд аст. Мутобиқи нақшаи қаблӣ корхонаи мазкур дар як шабонарӯз то 3 ҳазор тонна семент тавлид мекунад.

Ба иттилои манбаъ, ҷаноби Бян Сон дар сӯҳбат бо раиси вилоят дар бораи ширкати худ низ маълумоти мухтасар ироа дошта гуфтааст, ки кароргохи ширкати онҳо дар шаҳри Гонконги Хитой мустақар аст ва бештар аз чор сол боз дар татбиқи баъзе аз лоиҳаҳо саҳм мегузорад.

Гуфта мешавад, раиси вилоят Шодихони Ҷамшед аз ҳамкории мутақобилан судманд бо ин ширкати бонуфуз изҳори омодагӣ намуда, иброз доштааст, ки сарвари давлат аз соҳибкории истеҳсолӣ ҳамаҷониба пуштибонӣ карда, барои ин соҳа имтиёзҳо низ додааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар поёни ин мулоқот байни роҳбарияти ВМКБ ва ширкати Шан Жо-и Ҷумҳурии Мардумии Чин як қатор шартномаҳо ба имзо расиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.