Гаравгонгирии як сокини ноҳияи Айнӣ аз ҷониби панҷакентиҳо

Аввали ҳафтаи равон ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Панҷакент ба гумони даст доштан дар ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодии шахс 4 нафар сокинони ноҳияи Панҷакент –  Ҷӯрабек Азимови 41-сола, Исмат Азимови 21-сола, Бахтиёр Кулиеви 40-сола ва Шараф Кулиеви 30-сола боздошт шуданд. Бино ба иттилои маркази мтабуоти ВКД ҶТ, бо […]

ASIA-Plus



Аввали ҳафтаи равон ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Панҷакент ба гумони даст доштан дар ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодии шахс 4 нафар сокинони ноҳияи Панҷакент –  Ҷӯрабек Азимови 41-сола, Исмат Азимови 21-сола, Бахтиёр Кулиеви 40-сола ва Шараф Кулиеви 30-сола боздошт шуданд.

Бино ба иттилои маркази мтабуоти ВКД ҶТ, бо сабаби муносибати ошиқона доштан бо хоҳари яке аз онҳо, номбрудагон сокини 26-солаи ноҳияи Айнӣ Сайёд Боқиевро гаравгон гирифта, дар устохонаи назди ҳавлии Кулиев Б. нигоҳ медоранд ва аз хешовандони Боқиев С. барои озод намуданаш 5 ҳазор доллари амрикоӣ талаб намудаанд.

Гуфта мешавад, ҳангоми гирифтани маблағи пулии 2 ҳазор доллари амрикоӣ  шаҳрвандон Азимов Ҷ., Азимов И., Кулиев Б. ва Кулиев Ш. дастгир карда шуданд. «Далели шайъӣ гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз ва тафтишот идома дорад», – иттилоъ медиҳад ВКД ҶТ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.