Кумаки БҶ ба шаҳрдории пойтахт дар харидории 181 ҳазор обҳисобкунак

Рӯзи 16 июли соли 2014 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Бонки Умумиҷаҳониро таҳти сарварии роҳбари Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе ҷаноби Пйер Франческо Мантованӣ бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, зимни мулоқот ҷонибҳо корҳои то ба имрӯз анҷомгирифтаро дар доираи татбиқи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе, […]



Рӯзи 16 июли соли 2014 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Бонки Умумиҷаҳониро таҳти сарварии роҳбари Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе ҷаноби Пйер Франческо Мантованӣ бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, зимни мулоқот ҷонибҳо корҳои то ба имрӯз анҷомгирифтаро дар доираи татбиқи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки тӯли панҷ сол бо азхудкунии 16 млн $ гранти бебозгашти Бонки Умумиҷаҳонӣ ва 3 млн $ маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри расидан ба ҳадафҳои пешбинигардида – ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда  ба василаи насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхона сафарбар карда шуда, бобати амалисозии он ширкати олмонии  CES Consulting Engineers Saizgitter GmbH  мушовир интихоб гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, ҷараёни корҳои амалигаштаи лоиҳавиро мусбӣ арзёбӣ намуданд.

Пеш аз ҳама зикр гардид, ки насби ҳисобкунакҳои обӣ, ки имрӯз тибқи Лоиҳа дар минтақаҳои алоҳидаи шаҳр бо 45% фарогирии муштариёни КВД «Обу корези Душанбе» амалӣ шуда истодааст, барои роҳандозии фарҳанги истеъмоли каммасрафи оби нӯшокӣ аз ҷониби муштариён мусоидат намуда, ба таъмини фишори об дар ошёнаҳои болоии биноҳои насбшуда дастёб гаштааст.

Дар ин росто, масъалаи бо ҷалби маблағҳои иловагии Бонки Умумиҷаҳонӣ ва саҳмгузории шаҳрдорӣ дарёфти манбаъҳои иловагӣ оид ба насби саросарии ҳисобкунакҳои обӣ ба кулли муштариёни  КВД «Обу корези Душанбе», ки беш аз 181 ҳазорро ташкил медиҳанд,  мувофиқ ба мақсад арзёбӣ гардида, ҷонибҳо аз омодагии хеш дар ҳалли он баён доштанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид дошт, ки дар марҳилаи феълӣ тамоми потенсиали ҷонибҳо бояд баҳри таъмини хизматрасонии дарозмуддати ҳисобкунакҳои обии насбшуда ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон равона карда шаванд. Барои ин, ҷиҳати роҳнаёбии регмайдаҳои таҳшинӣ ба шоҳқубурҳои интиқоли об, масъалаи шинонидани обполакҳои пуриқтидор дар истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ» ва беҳдошти ҳолати шабакаҳои корезию пойгоҳи обтозакунии корезии КВД «Обу корези Душанбе» аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ матраҳ карда шавад.

Ҷаноби Пйер Франческо Мантованӣ аз пешниҳодоти ироашуда бо қаноатмандӣ пазиройӣ намуда, афзуд, ки баҳри амалпаймойии онҳо тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар сохта, нисбати дар 18 моҳи боқимонда пурсамар татбиқ кардани кулли нишондиҳандаҳои Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе барномаи фаъолияти муштараки ҷонибҳоро тарҳрезию мавриди иҷро қарор хоҳад дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.