«Поккорӣ»-и марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз марзбонони «зиёдатӣ»

Тибқи мувофиқаи ҳосилшуда дар вохӯрии хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара, рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда аз манотиқи наздимарзӣ хориҷ кардани ҷузъу томҳо ва нерӯҳои иловагии ҳарду ҷониб оғоз гардид. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод, дар вохӯрии зикршудаи ҳайатҳои ҳарду ҷониб таҳти раҳбарии фармондеҳони мақомоти марзбонии ҳарду кишвар Раҷабалӣ Раҳмоналӣ […]

ASIA-Plus



Тибқи мувофиқаи ҳосилшуда дар вохӯрии хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара, рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда аз манотиқи наздимарзӣ хориҷ кардани ҷузъу томҳо ва нерӯҳои иловагии ҳарду ҷониб оғоз гардид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод, дар вохӯрии зикршудаи ҳайатҳои ҳарду ҷониб таҳти раҳбарии фармондеҳони мақомоти марзбонии ҳарду кишвар Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Райимбердӣ Дуйшенбиев ба масоили таҳқиқу муайян кардани сабаб ва ҳолатҳои сар задани муноқишаи рӯзи 10-уми июл дар марз ва суръат бахшидан ба баргузории чорабиниҳои муштарак дар ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди фаъол гардонидани ҳамкории муштараки хадамотҳои марзбонии ҳарду кишвар ва барқарор намудани фаъолияти гурӯҳҳои кории муштарак ҳангоми ҳалли муноқишаҳои марзӣ тавофуқ ҳосил намуданд.

Бино ба иттилои Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, «бо мақсади ба эътидол оврадани вазъ дар бораи ташкили посбонии марз танҳо аз ҷониби дастаҳои марзбонии воҳидҳои ҳайати шахсии нерӯҳои марзбонии ҷонибҳо тасмим гирифта шуд».

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, барои пешгирии такрор нашудани муноқишаҳои марзӣ қарор шудааст, ки қитъаи Тамдиқ – Бедаки марз муштаракан аз ҳарду ҷониб посбонӣ ва таҳти назорат қарор дода шуда, ҳамчунин ҷиҳати таъмини табодули маълумоти доимӣ, тамоси доимии воҳидҳои марзбонии ҳарду ҷониб роҳандозӣ гардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.