Кормандони АНМН малакаи касбии худро такмил медиҳанд

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ мунтазам малакаи касбии худро такмил дода, дониши амалӣ ва назариявии худро бо дарназардошти талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ мукаммал мегардонанд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, мутобиқи Нақшаи омодагии касбӣ дар Маркази таълимии Агентӣ курси аз нав омода намудани кормандони Шуъбаи оперативӣ-навбатдории Агентӣ ташкил карда шудааст. Курсҳои […]

ASIA-Plus



Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ мунтазам малакаи касбии худро такмил дода, дониши амалӣ ва назариявии худро бо дарназардошти талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ мукаммал мегардонанд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, мутобиқи Нақшаи омодагии касбӣ дар Маркази таълимии Агентӣ курси аз нав омода намудани кормандони Шуъбаи оперативӣ-навбатдории Агентӣ ташкил карда шудааст.

Курсҳои мазкурро аъзои Шӯрои собиқадорони Агентӣ полковники мустаъфӣ Мамадалибеков А. мегузаронад, ки дар соҳаи мазкур таҷрибаи бой дорад.

Дар машғулият дастурдиҳанда шунавандагонро оид ба масъалаҳои умумии ташкили кори Шуъбаи оперативӣ-навбатдорӣ бо қонунгузории ҶТ ва санадҳои меъёрӣ, ки фаъолияти Агентиро ба танзим медароранд, шинос менамояд.

Инчунин дар толори тирпарронии Агентӣ машғулият дар байни ҳайати шахсӣ оид ба тирпарронии интерактивӣ бо истифодаи воситаҳои иловагии компютерӣ ва таппончаи Макаров таҳти роҳбарии дастурдиҳандаи таҷрибадор аз Шуъбаи таъиноти махсуси Агентӣ гузаронида мешавад.

Рӯзи 4 августи соли 2014 дар Маркази таълимии “Пойтахт”-и СҚС КДАМ ҶТ тренинг аз рӯи марҳилаи сеюми лоиҳа оид ба созмон додани алоқаи байниидоравӣ дар байни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҶТ дар чорчӯбаи барномаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар оғоз гардид, ки онро Фармондиҳии Маркази ШМА амалӣ мегардонад.

Муҳандисони радиоӣ аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, КДАМ, СҚС, ВКД, Хадамоти гумруки Тоҷикистон сатҳи касбии худро дар соҳаи таҷҳизоти радиоӣ ва алоқаи радиоии байниидоравӣ баланд мебардоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.