Ҷустуҷӯи духтари 5-солаи дар маркази Душанбе гумшуда идома дорад

Муддати 5 шабонарӯз аст, ки кормандони милиса фаъолона духтари 5-солаи рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Душанбе бедаракшударо ҷустуҷӯ доранд. Сабоҳат Диловароваи 5-сола дар бинои ҳамон манзили зисте, ки хоҳарони беш аз як сол қабл гумшуда – Араловаҳо дар он иқомат доштанд, яъне бо суроғаи кӯчаи Айнӣ, бинои 32/1, каме дуртар аз маркази савдои «Садбарг» […]

Мавзуна Абдуллоева



Муддати 5 шабонарӯз аст, ки кормандони милиса фаъолона духтари 5-солаи рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Душанбе бедаракшударо ҷустуҷӯ доранд. Сабоҳат Диловароваи 5-сола дар бинои ҳамон манзили зисте, ки хоҳарони беш аз як сол қабл гумшуда – Араловаҳо дар он иқомат доштанд, яъне бо суроғаи кӯчаи Айнӣ, бинои 32/1, каме дуртар аз маркази савдои «Садбарг» зиндагӣ мекунад.

Назира Диловарова, модари духтар имрӯз ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки духтари 5-солаи ӯ Сабоҳат Диловарова то ҳол пайдо нашудааст. «Духтарам дар куҷост, намедонам. Мо ба Шуъбаи ВКД-и ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кардем, вале аз ҷустуҷӯи духтари ман то ҳанӯз натиҷае ҳосил нашудааст», – иброз дошт вай.

Ӯ ҳикоят кард, ки замони бедарак шудани духтарчааш дар кор будааст, ӯ дар яке аз салонҳои зебоии наздики маҳаллаи Иттифоқҳои Касаба кор мекунад. «Он замон Сабоҳат ҳамроҳи холааш дар хона буда, 8-уми август соати 11 ба ҳавлии бино барои бозӣ кардан мебарояд, вале ҳангоме ки холааш ба ҳавлӣ мебарояд, ӯро пайдо намекунад ва дарҳол ба ҷустуҷӯи ӯ оғоз мекунад», – хабар дод модари духтар.

Дар ҳамин ҳол, кормандони милисаи машғул ба ҷустуҷӯи духтарча ба «Азия-Плюс» изҳор намуданд, ки агар дар ҳавлии бино камераи видеойӣ мебуд, ҷустуҷӯи духтарча осонтар мегардад. «Мутаассифона, баъди азназаргузаронии тамоми ҳавливу мавзеъҳои гирду атроф ва пурсиши сокинон ошкор шуд, ки ӯро ҳеҷ кас надидааст ва дар бораи ӯ чизе ҳам намедонад. Мо аз тамоми шаҳрвандон дархост мекунем, ки агар дар бораи духтарча маълумоте дар даст дошта бошанд, ба мо дар ҷустуҷӯ кумак кунанд», – гуфт яке аз кормандони милиса.

Бино ба маълумоти мақомоти милиса, Сабоҳат дар оила фарзанди ягона буда, модараш ӯро яккаву танҳо тарбия мекунад, зеро падараш, ки қаблан дар яке аз бонкҳои кишвар кор мекардааст, барои сохтакории ҳуҷҷатҳо айни замон дар муассисаи ислоҳӣ муҳлати ҷазоро адо мекунад.

Ғайр аз ин, маълум шуд, ки ин бедаракшавии Сабоҳат бори аввал нест. Ба гуфтаи корманди ШВКД-и шаҳри Душанбе Замира Исмоилова, ки ӯ ҳам дар суроғаи кӯчаи Айнӣ, бинои 32/1, яъне манзили иқоматдоштаи духтари гумшуда зиндагӣ мекунад, ду моҳ қабл ӯ шоҳиди он гардидааст, ки Сабоҳати 5-сола дар мавзеи паҳлӯи кинотеатри «Ватан» яккаву танҳо бидуни ҳамроҳии калонсолон бо зани ношиносе «сайругашт» мекард ва ин зан макони зисти ӯ ва номи падару молдарашро муайян карданӣ буд.

«Ман ҳамсояи хурдсоли худро шинохта, ӯро ба хонааш бурдам ва ба дасти модару холааш супурда, ба онҳо эрод гирифтам, ки хуб нигоҳубин намекунанд», – гуфт вай.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, айни замон тамоми шуъбаҳои кофтукови ҷиноии пойтахт, аз ҷумла шуъбаҳои милиса  дар саросар кишвар аз ин ҳодиса огаҳ карда шуда, ҷустуҷӯи духтьарчаро идома медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 8-уми август дар шаҳри Душанбе Осияи 5-сола, ки дар бинои манзили зисти хоҳарони як сол қабл гумшуда Араловаҳо дар кӯчаи Айнӣ зиндагӣ мекард,

бедарак шуд

. Баъдтар маълум шуд, ки номи духтарча Сабоҳат будааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 170 млн доллар кам шуд

Мақомот то охири соли боз ду баробар коҳиш додани онро ба нақша гирифта, лекин ният доранд, ки қарзҳои бештар бузург ҷалб созанд.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.