Омодагии шаҳрдории Хуҷанд ба ҷудо кардани қитъаи замин ба бахши вилоятии ҲНИТ

Мақомоти шаҳрдории Хуҷанд ба ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони дафтари кории нави бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд ва ҷуброни маблағи арзиши бинои қаблан рӯзи 17-уми июн тахрибгардида омодагӣ изҳор намуд. Раиси бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд Илҳомҷон Ёқубов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл муовини раиси шаҳри Хуҷанд Додоҷон Абдуллоев […]

Аваз Юлдошев



Мақомоти шаҳрдории Хуҷанд ба ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони дафтари кории нави бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд ва ҷуброни маблағи арзиши бинои қаблан рӯзи 17-уми июн тахрибгардида омодагӣ изҳор намуд.

Раиси бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд Илҳомҷон Ёқубов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл муовини раиси шаҳри Хуҷанд Додоҷон Абдуллоев зимни суҳбат бо ӯ гуфтааст, ки ҳукуматдорони шаҳр барои сохтмони дафтари кории нави ҲНИТ ба онҳо панҷ қитъаи заминро барои интихоб пешниҳод мекунанд.

«Ғайр аз ин, ҳукуматдорони шаҳр изҳор намуданд, ки барои тахриб гардидани бинои пешинаи дафтари кории ҲНИТ дар вилояти Суғд омодаанд, ки ба сифати ҷуброни арзиши он 636 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кунанд», – қайд кард Ёқубов.

Ёдрас мекунем, ки як рӯз қабл бахши ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд изҳор намуда буд, ки барои тахриби бинои дафтари кориаш дар маркази маъмурии вилоят имрӯз, 12-уми август аз болои мақомоти шаҳрдории Хуҷанд

ба додгоҳ шикоят бурданист.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат