Кумаки шаҳрдории Душанбе ба беш аз 6 ҳазор нафар сокинони пойтахт

Ба ифтихори 23-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ  мутобиқ ба анъаноти худ шаҳрдории Душанбе як зумра шаҳрвандонро аз категорияҳои низёманди шаҳр бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо қарори раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев ба 106 нафар маъюбон ва иштирокчиён Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, панҷ нафар  ҳамсарони ҷанговарони […]

ASIA-Plus



Ба ифтихори 23-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ  мутобиқ ба анъаноти худ шаҳрдории Душанбе як зумра шаҳрвандонро аз категорияҳои низёманди шаҳр бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо қарори раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев ба 106 нафар маъюбон ва иштирокчиён Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, панҷ нафар  ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида ва 3683 нафар кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр – 900 сомонигӣ, 326 нафар оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд, 3 нафар муҳосирабудагони шаҳри Ленинград ва 1262 нафар оилаҳое, ки дар онҳо аз ду нафар зиёд маъюб зиндагӣ мекунанд ба ҳар кадом ба андозаи – 700 сомонӣ  ва ба 70 нафар шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар акибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, 253 нафар шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, 112 нафар маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), 74 нафар маъюбони рафъи садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва 280 нафар кормандони сохторҳои кабудизоркунӣ – 500 сомонӣ барои расонидани кӯмакпулии яквақта ҷудо карда шуда, маблағи умумии аз буҷети шаҳр ҷудогардида бо ин мақсад 4 млн. 973 ҳазору 800 сомониро ташкил дод.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ ба 6 ҳазору 276 нафар сокинони пойтахт кумаки якдафъаинаи пулӣ расонида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.