Истиқболи сафари Си Ҷинпин ба Тоҷикистон бо шиллик аз тӯпхонаҳо

Имрӯз ҳузури Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон дар доираи барномаи нахустин сафари давлатии ӯ ба кишвари мо идома ёфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти саврари давлат, маросими бошукӯҳи истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат баргузор гардид. Ба ин муносибат дар саҳни Қасри Миллат ҷузъу томҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои […]

ASIA-Plus



Имрӯз ҳузури Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон дар доираи барномаи нахустин сафари давлатии ӯ ба кишвари мо идома ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти саврари давлат, маросими бошукӯҳи истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат баргузор гардид. Ба ин муносибат дар саҳни Қасри Миллат ҷузъу томҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани ҳамзамони сурудҳои миллии ду давлат ва 21 шиллик аз тӯпхонаҳо, ки танҳо хоси сафарҳои давлатӣ аст, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон, арзи саломи меҳмони воломақом ба низомиён ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор гардид.

Ин маросими бошукӯҳ бо расми гузашти низомии ҷузътомҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди сарони ду давлат ба поён расид.

Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат оғоз ёфт. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ ба имзо расидани 16 санад дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.