Мусоҳибаи Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ВАО-и Чин

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ намояндагони воситаҳои ахбори умуми Ҷумҳурии Мардумии Чинро барои мусоҳиба ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ар мусоҳиба, аз ҷумла хабарнигорон аз агентии иттилоотии Синхуа, рӯзномаи Женмин Жибао, телевизиони марказии Чин (CCTV), радиои байналмилалии Чин ва дигар расонаҳои ин давлат, ки аксараш нуфузи ҷаҳонӣ […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ намояндагони воситаҳои ахбори умуми Ҷумҳурии Мардумии Чинро барои мусоҳиба ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ар мусоҳиба, аз ҷумла хабарнигорон аз агентии иттилоотии Синхуа, рӯзномаи Женмин Жибао, телевизиони марказии Чин (CCTV), радиои байналмилалии Чин ва дигар расонаҳои ин давлат, ки аксараш нуфузи ҷаҳонӣ доранд, ширкат доштанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон ба суолҳои сершумори онҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Чин, ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, авзои минтақа ва ҷаҳон посух дод.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши душанбегии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай, сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон, ки имрӯз ҷараён дорад ва санадҳои сершуморе, ки ба имзо мерасанд, ба рушду нумуи муносиботи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвари ҳамсоя такони ҷиддӣ мебахшанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.